1 июн 2018

КАРИТАС Олмон 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн гирифт

Ташкилоти КАРИТАС Олмон 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо созмон додани чорабинии хайриявӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки асосан аз намоиши аксҳои манфиатбарандагони лоиҳаҳои татбиқнамудаи КАРИТАС Олмон ва ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳо ва машғулиятҳои фарҳангии гуногун барои рушди зеҳнӣ, эҳсосотӣ ва ҷисмонии кӯдакон ва ҳамчунин барномаи косертӣ иборат буд, ҷашн гирифт.

Шеъру суруд ва рақсу саҳначаҳои аз ҷониби кӯдакон, алалхусус кӯдакони дорои маъюбият намоишдодашуда, асосан мавзӯҳои ватанпарастӣ, васфи модар, сулҳу дӯдстӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои кӯдакони дорои маъюбиятро дар бар гирифтанд.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур, ки дар он беш аз 500 нафар ширкат варзиданд, ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа мебошад.

Ҳабарҳои дигар

10 фев 2017

ТОТ барои омӯзгорони мактабҳои мақсаднок дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” аз 6 то 9 феврали 2017 сол давраи дуюми тренингҳо барои омӯзгорони 16 мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён имконияти гирифтани малакаҳои гузаронидани тренинг бо истифодаи усулҳои интерактивии омӯзишро доштанд.

26 янв 2022

Тренинг дар Восеъ

Санахои 25 ва 26 январи соли чори бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ дар нохияи Восеъ тренинги 2-руза

Минтақаҳои фаъолият