1 июн 2018

День защиты детей

Ташкилоти КАРИТАС Олмон 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо созмон додани чорабинии хайриявӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки асосан аз намоиши аксҳои манфиатбарандагони лоиҳаҳои татбиқнамудаи КАРИТАС Олмон ва ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳо ва машғулиятҳои фарҳангии гуногун барои рушди зеҳнӣ, эҳсосотӣ ва ҷисмонии кӯдакон ва ҳамчунин барномаи косертӣ иборат буд, ҷашн гирифт.

Шеъру суруд ва рақсу саҳначаҳои аз ҷониби кӯдакон, алалхусус кӯдакони дорои маъюбият намоишдодашуда, асосан мавзӯҳои ватанпарастӣ, васфи модар, сулҳу дӯдстӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои кӯдакони дорои маъюбиятро дар бар гирифтанд.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур, ки дар он беш аз 500 нафар ширкат варзиданд, ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа мебошад.

Другие новости

2 ноя 2015

С 1 ноября 2015 года по 2 ноября 2015 года

С 1 ноября 2015 года по 2 ноября 2015 года в Кургантюбе для членов махалинских комитетов и женских клубов из 10 сел Бохтарского и Вахшского районов прошел двухдневный семинар по подведению итогов деятельности в рамках малых грантов и планированию действий на 2016 г. Всего за проектный период было реализовано 10 малых грантов в 10 кишлаках.

Регионы деятельности