13 окт 2012

Мо чи кор карда истодаем?

Мақсади барнома мусоидат ба афзоиш ва инкишофи минбаъдаи потенсиали ташкилотҳои шарикӣ ва тағйир додани менталитети ҷомеа ба самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва мустақилият дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа, ба вуҷуд овардани фарҳанги масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, филантро-пия ва шарикии иҷтимоӣ мебошад.

Барои ноил гардидан ба ин мақсад кормандони барнома дар самтҳои зерин кор мекунанд:

1. Таълими шарикон, ки он корҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Таҳкими потенсиали ташкилии Кумитаҳои маҳалла (минбаъд КМ) бо роҳи баланд бардоштани сатҳи шаҳрвандӣ, соҳаҳои молиявию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
  • Таҳкими потенсиали ниҳодии (институтсионалии) КМ тавассути му-соидат ба барасмиятдарории фаъолият – таъсиси симои ҳуқуқӣ;
  • Тағйир додани менталитети аъзои КМ, ва ба воситаи онҳо аҳолии ҷомеа, ба самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва мустақилият дар ҳалли проблемаҳои ҷомеа, ба вуҷуд овардани фарҳанги масъулиятнокии шаҳрвандӣ, филантропия ва шарикии иҷтимоӣ;
  • Паҳн кардани ғояю арзишҳои принсипҳои фалантропия, шарикии иҷтимоӣ ва иштирок;
  • Ошно сохтан бо принсипҳои пешбурди бизнеси иҷтимоӣ.

2. Мусоидат кардан ба ташкил ва рушди бизнеси иҷтимоӣ дар назди КМ

Ин ҷидду ҷаҳд дар назди КМ ташкил кардани объектҳои соҳибкории хурд / миёнаро дар назар дорад, ки ба хазинаи ҷомеа даромад меорад. Маблағе, ки баъди адо кардани ҳамаи пардохтҳои ҳатмӣ – музди меҳнат ва андозҳо, аз ҷумла пардохт ба хазинаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боқӣ мемонад, даромади объекти соҳибкории иҷтимоӣ ҳисоб мешавад. Қарор дар бораи харҷ кардани маблағ ба ин ё он мақсадҳои муҳимми иҷтимоӣ бояд дар маҷлиси умумии маҳалла қабул карда шавад. Чунин фаъолиятро ба сабаби набудани қонуни махсус дар бораи бизнеси иҷтимоӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Дар бораи фаъолияти хайрия» танзим мекунанд. Зимнан, таҳияи Низомномаи намунавӣ дар бораи объекти бизнеси иҷтимоӣ пешбинӣ мешавад, ки тамоми фаъолияти объекти бизнеси иҷтимоиро танзим мекунад. Мусоидат дар ин самт амалҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Шинос шудан бо асосҳои Қонунгузории объекти бизнеси иҷтимоӣ (Қонуни ҶТ дар бораи фаъолияти хайрия ва Қонуни ҶТ дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ, кодекси андози ҶТ) ва имкониятҳое, ки қонунҳо ба кумитаҳои маҳалла медиҳанд;
  • Таҳияи Низомнома дар бораи фаъолияти объекти соҳибкории иҷтимоӣ;
  • Ёрӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти объекти бизнеси иҷтимоӣ: бурдани коргузорӣ, ҳисобу китоб ва ҳисоботи муҳосибӣ, кори кадрӣ, муносибатҳои мутақобила бо дигар ташкилоту муассисаҳо;
  • Мусоидат дар ташкили фонди ёрии ҳамдигарии байнимаҳаллавӣ;
  • Мусоидат дар ташкили шарикии иҷтимоӣ ва ғайра.

3. Дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ИҶ), ки имкон медиҳад ба тақвияи потенсиали ташкилии ТҶ, ба вуҷуд овардани спектри ғании модулҳои таълимӣ ва дастурҳо оид ба самтҳои мухталифи инкишофи ТҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта шавад. Принсипҳои асосии ин самт даврӣ цикличность) ва дузинагии таълим мебошад: дар зинаи аввал – гузаронидани омӯзиши тренингӣ оид ба мавзӯоти умумишаҳрвандӣ ва дар зинаи дуюм – оид ба мавзӯъоти иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ мегардад. Барои ТҶ шарикон семинарҳои матлуб ва машваратдиҳӣ, расонидани ёрии техникӣ гузаронида мешавад.

Тадбирҳое, ки дар доираи самтҳои интихобгардида гузаронида мешаванд, амалҳои зеринро дарбар мегиранд:

1. Сиклҳои тренингӣ, ки ба омӯзонидани донишу малакаҳои барои баланд бардоштан сатҳи маорифи шаҳрвандӣ, таъсис ва пешбурди бомуваффақияти бизнеси иҷтимоӣ заруранд ва аз ҷумла дар бар мегиранд:

  • баланд бардоштани сатҳи маорифи шаҳрвандӣ
  • такмили малакаҳои ТҶ дар ташкили фаъолияти худ;
  • паҳн кардани ғояю арзишҳои принсипҳои башардӯстӣ ва ҳамдардӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи иштироки ГМ дар барномаҳои ИҶ.

2. Вижагиҳои бизнеси иҷтимоӣ:

  • асосҳои қонунгузории бизнес-фаъолияти иҷтимоӣ;
  • тартиби ба вуҷуд овардани (барасмиятдарории) объекти бизнеси иҷтимоӣ;
  • бизнес нақшагирӣ;
  • маркетинг;
  • инноватсияҳо;
  • ташкили истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ;
  • коркарди сабзавот: истеҳсоли консерваҳо, хушккунӣ, истеҳсоли хамира, хока, шарбат ва ғайра

3. Кори консалтингӣ, ки расонидани ёриро дар амалҳои зерин дарбар мегирад:

  • таҳияи оинномаҳои ташкилотҳо;
  • таҳияи коргузорӣ;
  • ташкили фаъолияти тамосӣ бо муассисаю ташкилотҳои гуногун;
  • таҳияи бизнес-нақшаҳо;
  • бурдани ҳисобу китоб ва ҳисоботи муҳосибӣ;
  • гузаронидани фаъолияти маркетингӣ ва ғайра;

Ҳабарҳои дигар

21 сен 2022

Вохӯрии иттилоотӣ дар ДДХ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавзӯи «Зӯроварӣ. Намудҳои зӯроварӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид.

1 май 2012

Проект: «Безопасность сообществ в Ферганской долине»

В 15 сообществах Баткенской, Ошской и Жалалабадской областей Кыргызстана и Согдийской области Таджикистана при поддержке Министерства Иностранных дел Великобритании партнерскими организациями Saferworld , ОО «АНТИ (РТ), ОО «МИР» (РТ) и ФМТ (КР) реализуется проект «Безопасность сообществ в Ферганской долине»

Минтақаҳои фаъолият