26 апр 2017

Намояндагони сафорати ИМА дар ҶТ бофаъолияти Гурӯҳи ҳамкории милитсия боҷомеа шинос шуданд

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld ва дастгирии молиявии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартибот (INL) дар назди Департаменти давлатии ИМА амалӣ намуда истодааст, 25 апрели сафари кории намояндагони Сафорати ИМА дар ҶТ ба вилояти Суғд сурат гирифт.

Мақсади асосии сафар ин шиносоӣ бо фаъолияти гурӯҳи ҳамкории милитсия бо аҳолии ш. Гулистон ва ҷамоати Чоркӯҳи ш. Исфара буд. Бино ба натиҷаҳои мулоқот меҳмонон фаъолияти гурӯҳҳоро мусбӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ба нақшаи сафари кории сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафар ба вилояти Суғд мулоқот бо Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ш. Гулистон ворид карда шавад.

Ҳабарҳои дигар

16 мар 2022

Имруз, 16 марти соли 2022 дар нохияи Бобочон Гафуров

Имруз, 16 марти соли 2022 дар нохияи Бобочон Гафуров мини форум барпо гардид, ки максади он пешниход намудани платформа барои мубодилаи тачриба ва муайян намудани роххои хамкори дар раванди пешгири намудан ва расонидани ёрии хукуки, равони ва ичтимои, муайян намудани роххои халли муаммохо ва пурзур намудани бозравони байни хамаи субъектхо мебошад.

10 окт 2022

Курсҳои се моҳаи "Қаннодӣ"

Дар ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров курси се моҳаи ройгони "Қаннодӣ " ба итмом расид.

Минтақаҳои фаъолият