Мир и сотрудничество начинается с нас!

23
фев

Комиссияи грантӣ

Ҳадафи баргузории комиссияи грантӣ ин муайян намудани ғолибони лоиҳаҳои хурд, ки қаблан ҳангоми гузаронидани ду марҳилаи семинарҳо аз ҷониби хонандагони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров коркард карда шудаанд

22
фев

Мулоқоти намояндагони ташкилоти ЮНИСЕФ бо СҒД ва сохторҳои ҳукуматӣ

Муҳокимаи системаи мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои амалкунанда ва пешниҳодот оиди роҳҳои беҳгардонӣ. Муҳокимаи намунаи пешакии майдон барои муколама байни мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ва хусусан наврасон ва ҷавонон.

10
фев

ТОТ барои омӯзгорони мактабҳои мақсаднок дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” аз 6 то 9 феврали 2017 сол давраи дуюми тренингҳо барои омӯзгорони 16 мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён имконияти гирифтани малакаҳои гузаронидани тренинг бо истифодаи усулҳои интерактивии омӯзишро доштанд.

28
янв

Семинар барои ҷавонон баҳри татбиқи ғояҳои пешниҳодгардида

Мақсади тренинг – ин баланд бардоштани неруи хонандагони синфҳои болоӣ оиди таҳияи ғояҳо ва омода намудани лоиҳаҳои хурд мебошад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда тренерон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки иштирокчиёни тренингро бо хусусиятҳои хоси коркарди ғояҳои лоиҳавӣ, ташаккули малакаи муайян намудани муаммоҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо ва ба наврасон омӯзонидани малакаҳои банақшагирӣ – роҳ аз муаммо то ба ҳалли он ошно созанд.

25
янв

Семинар дар мавзӯи “Асосҳои рӯзноманигорӣ”

Мақсади чорабинии мазкур – ин фароҳам овардани шароити мувофиқ барои худшиносии иҷтимоию эҷодӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдаконе, ки дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд.

Минтақаҳои фаъолият