Мулоқоти намояндагони ташкилоти ЮНИСЕФ бо СҒД ва сохторҳои ҳукуматӣ

22 феврали соли 2017 дар қаҳвахонаи “Хушбахтӣ” мулоқоти намояндагони ташкилоти ЮНИСЕФ бо намояндагони СҒД ва намояндагони сохторҳои ҳукуматии шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, ки он аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёинёни илмӣ – техникии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳадафҳои мулоқоти гузаронидашуда инҳо буданд:

  • Муҳокимаи системаи мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои амалкунанда ва пешниҳодот оиди роҳҳои беҳгардонӣ.
  • Муҳокимаи намунаи пешакии майдон барои муколама байни мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ва хусусан наврасон ва ҷавонон.

Намояндагони ЮНИСЕФ Шодмон Ҳоҷибеков ва Ситора Шокамолова мухтасар муаррифӣ намуданд ва пас аз он лаҳзаҳои муҳимтарине, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа зарур ҳастанд ва бояд ба назар гирифт, муҳокима карда шуданд. Ҳамаи иштирокчиёни мулоқот дар рафти муҳокима фаъолона ширкат варзиданд, зеро ҳамаи онҳо бо наврасон ва ҷавонон кор мекунанд ва мавзӯи интихобнамуда писанди ҳамагон гардид.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият