31 дек 2010

Лоиҳаи PATENT ба охир расид

31-уми декабри соли лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ» ба итмом расид. Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳои Институти Ҳамкории Байналмиллалии Ассотсиатсияи Университетҳои Халқии Олмон (dvv intеrnational) ва Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид ва мўҳлати иҷроиши он 24 моҳро ташкил дод. Ин лоиҳа бо кўмаки молиявии Иттиҳоди Европа бо ҳамкории Вазорати Федералии иқтисодӣ ва рушди Олмон дастгирӣ карда шуд.

Лоиҳа бо ҳамкории Вазорати маориф, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шуғли аҳолӣ, кордиҳандагон ва бо ҳамкории дигар сохторҳои иҷтимоии ҷамъият ба роҳ монда шуд.

Мақсади лоиҳа: Нарм сохтани масъалаи бекорӣ ва камбизоатӣ тавассути таъмини дастрасӣ ба системаи маълумоти касбию техникии (МКТ) табақаҳои васеи аҳолии калонсол

Вазифаҳои лоиҳа: Зиёд кардани имконияти иштиғол ва худиштиғол барои аҳолии калонсоли камбизоати бекор тавассути пешниҳод кардани маълумоти касбии муосир, ки ба азхуд кардани малакаҳои касбии серхаридор нигаронида шудааст.

Барои ноил гардидан ба мақсадҳои лоиҳа тадбирҳои зерин, ки онҳоро дар 4 гурӯҳи асосӣ муттаҳид сохтан мумкин аст, амалӣ гардонида шудаанд:
1. Чорабиниҳое, ки бевосита ба аҳолии калонсоли ғайрисоҳибкасб марбутанд: таҳия ва гузаронидани курсҳои омӯзиш (аз чумла таъмин кардан бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводи таълимӣ), ки талабгори зиёд доранд.

Натиҷаҳо:

- Дар ҷалб намудани бекорон ба курсҳо марказҳои ноҳиявии иштиғол, ҳамчунин кумитаҳои маҳалла, ҷамоатҳо, ки байни аҳолии онҳо иттилоъ дар бораи имконияти дар курси кӯтоҳмӯҳлат азхуд кардани касб паҳн мегардад, нақши калон мебозанд.

- Варақаю буклетҳо дар бораи курсҳои кӯтоҳмӯҳлат, ҳамчунин роликҳои иттилоотӣ, ки тавассути телевизиони маҳаллӣ намоиш дода мешаванд, дар паҳн намудани иттилоот самараи хуб медиҳанд.

- Баробари имкони азхуд кардани касб барои шунавандагон имкони дар давраи таҳсил гирифтани стипендия низ диққатҷалбкунанда аст.

- Таҳлили бозори меҳнат ва арзёбии эҳтиёҷот ба таълим дар нӯҳ шаҳру ноҳияҳои ду вилоят байни бештар аз 270 корхонаи шакли моликияташон мухталиф ва 540 нафар гузаронида шуд.

Дар асоси таҳлили бозори меҳнат ва арзёбии эҳтиёҷот ба таълим касбҳои зерин барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар ҳамаи 10 муассисаи мақсадноки МКТ аз рӯи касбҳои зайл муқаррар карда шуданд.

1. Дӯзандаи либоси сабуки занонаи дорои дараҷаи 3-ум

2. Муҳосиб бо тавонистани компутер;

3. Кафшергари барқу гази дараҷаи 3-ум;

4.Монтери барқ оид ба таъмиру хизматрасонии таҷҳизоти барқии то 1000 Волт дараҷаи 3-ум.

- Дар муассисаи шарикии МКТ то 31 декабри соли 2010 100 курси кӯтоҳмӯҳлат аз рӯи касбҳои интихобгардида ташкил шуд, ки дар онҳо бозомӯзии 2002 шунавандаи бекор сурат гирифт.

-- 10 муассисаи шарикии МКТ бо техникаю таҷҳизоте, ки барои гузаронидани курсҳои кӯтоҳмӯҳлат аз рӯи ихтисосҳои интихобгардида заруранд, ба маблағи умумии бештар аз 76.000 евро муҷаҳҳаз карда шуданд;

- Ба маблағи бештар аз 26.000 евро аъёният, адабиёт, хамчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба таҷҳизоту техника пешниҳод карда шуд.

Таҳияи барномаҳои таълимии (DАСUМ)

- Нақшаҳои таълим ва барномаҳои таълимро Вазорати маориф тасдиқ кардааст

-Дастурҳои услубӣ оид ба идоракунии ОКТ ва усулҳои муосири таълим таҳия карда шуд.
II. Чорабиниҳое, ки ба таҳкими системаи МКТ умуман саҳм мегузоранд: курсҳои таълимӣ оид ба ҳайъати идоракунӣ ва педагогии 10 муассисаи МКТ, таҳияи дастури амал роҷеъ ба усулҳои муосири таълиму идоракунӣ

Натиҷаҳо:

- Семинари ташкилӣ оид ба нақшагирии фаъолияти лоиҳавӣ ба мақсади таҳияи нақшаи муфассали амалиёт ва сохтори ҳамкорӣ бо иштироки 40 нафар гузаронида шуд.

- Барои мутобиқгардонии фаъолияти лоиҳавӣ Шӯрои машваратӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳайъати он намояндагони Вазорати маориф, Вазорати меҳнату иштиғол, корфармоён бо мақсади муайян кардани стратегия ва татбиқи лоиҳа; баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳамкорӣ дохил шуданд.

- Ба директорон ва ҷойнишинони 10 муассисаи МКТ идоракунии таълими касбӣ ёд дода шуд. Тренингҳоро мураббиёни таҷрибадор аз Аврупо ва Федератсияи Русия гузаронданд.

- Ба мақсади баланд бардоштани сифати машғулиятҳои назариявию амалиявӣ сафарҳои хидматии мубодилавии муаллимони ОКТ ду вилоят ташкил карда шуданд.

- Оид ба мубориза зидди бекорӣ барои 30 шахси манфиатдори маҳаллӣ аз рӯи мавзӯъҳои зерин тренингҳо ташкил карда, гузаронида шуданд:

1. Бизнеси иҷтимоӣ чун олати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаҳо

2. Ташкили макро- ва минизаводҳои коркарди маҳсулоти кишовразӣ ва пешниҳод кардани хизматҳо

3. Шарикии иҷтимоӣ чун кафолати таъмини иштиғол

- Ба мақсади шинос шудан бо системаи таълими касбии Олмон, таҷрибаи шарикии иҷтимоӣ ва ташкили касбомӯзӣ дар мактабҳо 16 намояндаи Вазорати маориф, Вазорати меҳнату ҳифзи иҷтимоӣ, ОКТ, ҳокимияти маҳаллӣ ва кормандони лоиҳа дар давоми 9 рӯз аз коллеҷҳои касбӣ ва донишкадаи федералии оид ба таълими касбӣ, палатаи савдою тиҷорат, оҷонсии иштиғол, корхонаҳои саноатӣ дидан карданд.

- 60 муаллим дар тренингҳо таълим гирифтанд. Онҳо дар тренингҳо бо усулҳои интерактивии таълими калонсолон, машварату тавсияҳои мураббиёни таҷрибадор оид ба татбиқи онҳо шинос шуданд.

- 32 муаллим, ки системаи электронии ҳисобгирии «1С: Корхона»-ро омӯхтаанд, ба шунавандагони курси кӯтоҳмӯҳлат аз фанни «Муҳосиби донандаи компутар» дарс медиҳанд.
III. Чорабиниҳои марбут бо ташкили системаи хизматҳои машваратӣ барои аҳолии минтақа: бизнес- нақшагирӣ ва таълим, касбомӯзии хатмкунандагони мактабҳо

Натиҷаҳо

- 121 намояндаи муассисаҳои мақсадноки МКТ ва мақомоти маҳаллии ҳукумат дар бораи усулҳои кор оид ба касбинтихобкунии ҷавонон маълумот гирифтанд.

- Бюрои машваратӣ оид ба кушодани бизнеси хурд ташкил карда шуд, ки дар он бештар аз 250 кас дар бораи таҳияи бизнес-нақша , ҷанбаҳои ҳуқуқию иқтисодии кушодани бизнеси хурд машварату маслиҳат гирифтанд.

- Семинарҳо оид ба таълим ва навиштани бизнес-нақша барои 340 шунаванда ташкил карда шуданд.

- - Барои иттилоъ додан ва ҷалб кардани шарикҳои калидии маҳаллӣ ҳашт мизи мудаввари вилоятӣ дар ҳар вилояти мақсаднок гузаронида шуданд. Дар назди иштироккунандагони мизҳои мудаввар кариб 200 намояндаи мақомоти занон, ҳукумат, кумитаҳои маҳалла, шӯроҳои занон, марказҳои иштиғол, корфармоён, муассисаҳои мақсадноки МКТ, ВАО баромад карда, дар хусуси лоиҳа, вазифа ва максадҳои он маълумот доданд.

- Дар ҳамаи 10 муассисаи МКТ Шӯроҳои машваратӣ таъсис дода шуданд, ки ба барқарор сохтани робитаи муассисаҳои МКТ бо ҷомеаи маҳаллӣ ва корфармоён мусоидат мекунанд.
IV. Чорабиниҳое, ки беҳтар намудани имиҷи системаи навтаъсиси МКТ дар ҷамъияти тоҷик ёрӣ мерасонанд.

Натиҷаҳо

- Барои ҳамаи 10 муассисаи мақсадноки МКТ буклетҳо, аз ҷумла дорои иттилоот барои ашхосе, ки хоҳиши дар онҳо таҳсил кардан доранд, таҳия карда шуд.

- Тадбирҳои амалӣ гардонандаи лоиҳа ҳам дар саҳифаҳои нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳам матбуоти маҳаллӣ, ҳам каналҳои телевизиони ҷумҳуриявию ҳам маҳаллӣ инъикос карда мешаванд.

- Барои ҷалб кардани бекорон ба курс видеоролики иттилоотӣ дар бораи курсҳои кӯтоҳмӯҳлат, ки дар муассисаҳои мақсадноки МКТ гузаронида мешаванд, таҳия карда шудааст.

- Ба мақсади пешбурди идеяи маорифи калонсолони дар Тоҷикистон дар ду вилоят тавассути телевизиони вилоятию маҳаллӣ барномаи ток-шоу дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида шуданд.

- Филми мустанад таҳти номи «Таҳсилот дар тӯли ҳаёт» таҳия карда шуд.

- Иттилоот дар бораи тамоми фаъолияти тибқи лоиҳа амалишаванда дар сомонаи ТҶ «АЗИТ» ҷойгир карда мешавад. Ғайр аз ин, Вазорати маорифи ҶТ ба лоиҳа барои ҷойгир намудани иттилоот дар бораи фаъолияти лоиҳавӣ дар сомонаи Вазорат имконият медиҳад.

- Дар ҳамаи муассисаҳои шарикии МКТ амалиёт оид ба тарғиби тарзи солими ҳаёт дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида шуданд, ки дар онҳо тақрибан 5000 кас ширкат варзиданд.

- Барои ба хатмкунандагони мактабҳои миёна иттилоъ додан дар бораи имкониятҳои муассисаҳои МКТ ва гирифтани касб баннерҳо таҳия карда шуданд. Дар баннерҳо оид ба муассисаҳои МКТ дар минтақаҳо ва касбҳо иттилоъ дода мешавад. Баннерҳо байни мактабҳое, ки дар наздикии муассисаҳои МКТ ҷойгиранд, паҳн карда шуданд.

- Ба мақсади баланд бардоштани шавқу мароқи хатмкунандагони мактабҳо бо касбҳои коргарӣ экскурсияи мактабиён ба корхонаю заводҳо ва мулоқоти онҳо бо корфармоён ва хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои МКТ гузаронида шуданд. Дар мулоқотҳо ба мактабиён хатмкунандагону хонандагони муассисаҳои МКТ дар бораи камёбиҳои худ нақл карданд.

- Дар ҳамаи 10 муассисаи МКТ корҳои касбинтихобкунӣ бо иштироки аҳолии маҳаллӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо бештар аз 62 000 одам иштирок карданд.

- Байни шунавандагони курсҳои кӯтоҳмӯҳлат озмуни «Фикри беҳтарини ман барои кори тиҷоратӣ» ташкил карда шуд, ки дар он бештар аз 60 нафар идеяҳояшонро пешниҳод карданд. Ҳашт нафар дар озмун ғолиб омаданд. Ба ҳар ғолиби озмун гранти хурд дар ҳаҷми 500 евро супурда шуд.

26-уми ноябри 2010 сол дар конфростолори Гарнд Отел «Азия» конфросни ҷамъбастии лоиҳа дар мавзўи «Имкониятҳои омўзиши калонсолон дар паст кардани сатҳти камбизоатӣ» дар иштироки одманои ҳавасманд шуда гузашт.

Баъд аз итмоми лоиҳа Ҳисоботи ҷамъбастии лоиҳа таҳлил карда мешавад.

Ҳабарҳои дигар

22 янв 2019

Выездные консультации врачей

В рамках проекта “Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни”, который финансируется Европейским Союзом и Каритас Германия проведена ...

6 июн 2017

Чоркух

Сегодня в селе Сомониен джамоата Чоркух г. Исфары прошла плановая встреча сотрудников проекта с членами контактной группы молодежи. Присутствующих было 12 человек, и обсуждалось проведение 2- х мероприятий

Минтақаҳои фаъолият