1 ноя 2010

Ман барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар

Бо идома додани чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ» дар муассиссаҳои ҳамкори таҳсилоти ибтидоии касбӣ аксияҳо доир ба мавзўи “Ман барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар" доир гаштанд.

Ин навбат аксияҳо дар ОКТ №31 ш. Хуҷанд 21.10.2010с. ва ОКТ №14 ш. Истаравшан 27.10.2010с. ва дар вилояти Хатлон дар ОКТ №60 ноҳияи Вахш 15.10.2010 доир ба мавзўи “Пешгирии офатҳои табиӣ” барпо шуданд. Барои иштирок дар аксияҳо хонандагони мактабҳои олӣ, намояндагони кумитаҳои маҳаллии наздик, шунавандагони курсҳои кутоҳмуддат ва омузгорони ОКТ давъват шуда буданд.

Пас аз шиносоӣ барои бедор кардани шавқи иштирокчиён доир ба мавзўи аксия ва азхудкунии филм ба иштирокчиён филми “Ба Москва равон шудем” намоиш дода шуд, сипас масъалаҳои дар филм тасвиршуда, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо ваӣти сафар ба хориҷа дучор меоянд ва инчунин роҳҳои пешгирии ин масъалаҳо номбар карда шуда, мавриди муҳокима қарор доштанд.

Барои самаранок гузаронидани аксия усулҳои гуногуни таълим ва хабардоркунӣ оиди ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ (ба монанди ҳуҷуми ақлӣ, намоиши филм, муҳокима, саволу ҷавоб, мини лексия) истифода бурда шуданд.

Дар оғози баромад оиди ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои зерин ҷавоб диҳанд: Кадом ҳуҷҷатҳоро муҳоҷири меҳнатӣ бояд ҳангоми сафар ба хориҷа ҳамроҳ гирад?

Раҳнамунсозон ҷавобҳои иштирокчиёнро ҷамъбаст намуда, боз оиди кадом ҳуҷҷатҳои мушаххасро гирифтан ва истифодаи ҳар яки онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот доданд. Инчунин ба иштирокчиён оиди чандтогӣ нусхабардорӣ кардани ҳар як ҳуҷҷати зарурӣ ва мондани як нусхаи ҳуҷҷатҳо дар назди оила дар кишвар низ маълумот дода шуд.

Дар рафти аксия иштирокчиён оиди системаи паспортии мавҷуда дар ҶТ, оиди гирифтани паспортҳои миллӣ ва ҳам хориҷӣ, аз он ҷумла паспорти биометрӣ маълумот гирифтанд.

Ғайр аз он, ба иштирокчиён маълумот оиди тартиби гузаштани сарҳади давлатӣ(назорати сарҳадӣ ва гумрук) дода шуда, тартиби пур кардани корти мигратсионии Федератсияи Русия, тартиби гузоштан ба ҳисобгирии мигратсионӣ, қоида ва тартиби гирифтани рухсатнома ба кор ва патент барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ барои шахсони муҳоҷир, кортаъминкунӣ, тартиби андозгузории даромадҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи саломатӣ, фиристодани пул ва ғ. маълумот дода шуд.

Иштирокчиёни аксия дар сассияҳо фаъолона ширкат варзида, саволҳои гуногун оиди мавзўи аксия ва оиди мавзўъҳое, ки дар баромади раҳнамунсозон фаро гирифта нашуданд, доданд.

Дар рафти аксия ба иштирокчиён варақаҳои эъломияи гумрукӣ, варақаҳои баҳисобгирии мигратсионии Федератсияи Русия, варақаи огоҳинома оиди гузоштан ба ҳисобгирии мигратсионӣ, намудҳои ариза барои гирифтани рухсатнома барои кор ва патент барои шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд.

Ба иштирокчиёни аксия, ки ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд, аз тарафи ташкилкунандагони аксия тўҳфаҳои хотиравӣ дода шуданд. Боиси қайд аст, ки барои иштирокчиён, ки намояндагони гуногуни шаҳрвандонро ташкил мекунанд, онҳо ба тақдири муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба сафари хориҷа мераванд, бетараф нестанд. Аҳолии кишвар дар баландбардории саводи ҳуқуқии хеш оиди ҷанбаҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёҷот дорад.

Дар натиҷаи аксияҳои гузаронидашуда қариб 310 иштирокчиён оиди масъалаҳои мухталиф ва хавфи муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳҳои пешгирии он, оиди ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳо ва тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ғ. маълумот гирифта, 150 нафар иштирокчиён оиди пешгирии офатҳои табиӣ маълумот пайдо намуданд.

Барои паҳнкунии ин чорабинӣ дар ВАУ намояндагони ТВ ва радиои “Суғд” даъват шуданд.

Ҳабарҳои дигар

12 июн 2017

Дар Хистеварз аксияи “Дӯстӣ” доир мегардад

Имрӯз дар МТМУ№54, ҷамоати Хистеварз вохӯрии намояндагони Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақа дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон”, ки бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, доир гардид. Дар ин радиф, ГТҶ нақша-чорабиниҳои хешро дар моҳҳои тобистон муқаррар намуданд.

7 ноя 2018

Якум мизи мудаввар

07 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара мизи мудаввар дар мавзӯи муаммоҳои зӯроварии хонаводагӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ҷамоатҳои Сурх, Чорку ва Ворух, ШВКД-2-и шаҳри Исфара, раисони махаллаҳо, намояндагони дин...

Минтақаҳои фаъолият