24 ноя 2015

Вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 24 ноябри соли 2015  соати  10:00 дар ҷамоати Чоркӯҳи  ноҳияи Исфара  вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд. Дар вохӯри намояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, муовини  раиси ҷамоти Чоркух  ва 20 нафар чавонон аз гуруҳи мақсадноки лоиҳа аз ҷамоати Чоркуҳ ва 20 нафар ҷавонони гуруҳи мақсаднок аз ҷамоати Сурх  иштирок доштанд. Ин вохӯрӣ бо мақсади беҳтар намудани робитаи байни чавонон ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ. Ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва пешниҳодҳою дархостҳои худро ба намояндагон арз намоянд ва роҳи ҳалли онро дарк намоянд.

Инчунин вохӯри соати 14:00 дар ҷамоати Кулканди  н. Исфара  гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, муовини  раиси ҷамоти Кулканд ва 20 нафар чавонон аз гуруҳи мақсадноки лоиҳа аз ҷамоати Кӯлканд ва 20 нафар ҷавонони гуруҳи мақсаднок аз ҷамоати Чилгазӣ  иштирок доштанд.

Ҳабарҳои дигар

15 дек 2020

Семинар бахшида ба 75 солагии СММ

15 декабри соли 2020 дар Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон семинари навбати дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" баргузор гардид. Максади гузаронидани чорабини ин баланд бардоштани маьрифатнокии чавонон оид ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаьолияти он дар Точикистон мебошад.

2 дек 2016

Сафарҳо оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 29 – 30 ноябри 2016 сол ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии молиявии ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ чорабинии байнисарҳадӣ оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият