13 янв 2016

Вохӯрй намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Исфара бо ҷавонони ҷамоати Хонобод ва Нефтобод

Мувофиқи нақшаи кории  моҳи январ, 13 январи соли 2016, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад, ки аз тарафи фонди UNICEF маблағгузорӣ карда шуда истодааст, вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ  бо ҷавонон дар ноҳияи  Исфара  гузаронида шуд. Вохурӣ дар маҷлисгоҳи ҷамоати Хонобод барпо гардид. Дар ин вохӯрӣ номояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, раисони ҷамоатҳои Хонобод ва Нефтобод  ва 40 нафар ҷавонон аз гурӯҳи мақсадноки лоиҳа иштирок доштанд.  Мақсади вохӯрӣ ин беҳтар намудани робитаи байни ҷавонон ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ мебошад, то ки  чавонон  ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва пешниҳодҳою дархостҳои худро ба намояндагон арз намоянд ва роҳи ҳалли онро дарк намоянд.

Ҳабарҳои дигар

19 дек 2018

Маросими мукофотонидани ғолибони озмунҳои расм ва иншои беҳтарин

Инак, озмуни расм ва иншои беҳтарин ҷамъбаст гардид. Ғолибон муайян гаридиданд. Барои мукофотонидани ғолибон кормандони лоиҳаи “Оила бе зӯроварӣ” ба мактабҳои ҷамоатҳои мақсаднок - Сурх, Чорку ва Ворух сафар намуданд.

6 фев 2012

Семинар дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» семинари банақшагирии стратегӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳ ва шӯъбаҳои маориф» барпо карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият