6 фев 2012

Семинар дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» семинари банақшагирии стратегӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳ ва шӯъбаҳои маориф» барпо карда шуд. Иштирокчиёни семинар намояндагони раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ашт, инчунин муовинони раиси ҷамоатҳои мақсаднок буданд.

Дар оғози семинар ҳамоҳангсози лоиҳа Тюряев Ҷ. ҳамаи иштирокчиёнро пазироӣ намуд ва оиди мақсад ва вазифаҳои семинарии мазкур камее нақл кард. Сипас, роҳбари ташкилоти байналхалқии «International Alert» дар Тоҷикистон Марк Фуммогали баромад намуд.

Дар ин семинарии якрӯза иштирокчиён имконият доштанд, к ибо барномаи сиёсати ҷавонони кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд барои солҳои 2010 – 2012 шинос шаванд. Ба сифати тренери семинар Дадобоев М. даъват карда шуд. Қабл аз гузаронидани семинар кормандони лоиҳа бо роҳбарони кумитаҳои кор бо ҷавонони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров, инчунин бо намояндагони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои мақсаднок вохӯриҳо гузаронида шуданд. Дар ин вохӯриҳо мушкилиҳое, ки кормандони ин кумитаҳо рӯ ба рӯ мешаванд муҳокима карда шуда, малакаҳое, ки бояд ташаккул дод қайд карда шуданд.

Аз он ҷумла:

- малакаи тартиб додани нақшаи корӣ дар асоси барномаҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қабулшуда;

- малакаи коркард намудани нақшаи гузаронидани чорабиниҳо бо иштироки ҷавонон;

- малакаи гузаронидаи чорабиниҳои маданию оммавӣ;

- истифодабарии вақти корӣ;

- малакаи кор дар гурӯҳ;

- малакаи кор бо одамон;

- малакаи забон як кардан ва ба як фикр омадан;

- малакаи таҳлил намудани ҳолат ва амал намудан;

- усулҳои ҷамъ кардан ва таҳлил маълумот;

- малакаҳои суханронӣ;

- сифатҳои роҳбарӣ;

- ташаккули таҳаммулпазирӣ.

Дар семинарии мазкур иштирокчиён бо усули SMART оиди тартиб додани нақшаҳои корӣ ва муайян намудани мақсадҳо ошно шуданд. Сипас, иштирокчиён ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва вобаста ба нақшаи кори кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд барои солҳои 2010 – 2012 нақшаҳои кории худро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун тартиб доданд.

Умуман, семинар дар дараҷаи олӣ гузашт ва иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин семинарҳо дар доираи дигар мавзӯъҳо низ ташкил карда шаванд. Чӣ хеле, ки раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ниҳияи Ашт – Мирдадоев З. қайд кард, ҳамаи малакаву донишҳои гирифтаашон дар оянда барои дар асоси нақшаи кори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд коркард намудани нақшаҳои корӣ оиди сиёсати ҷавонон кӯмак хоҳад кард.

Ҳабарҳои дигар

14 дек 2020

Бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид

14 декабри 2020 дар доираи зерлоихаи бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон семинар дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" дар Донишгохи Давлатии шахри Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров бо иштироки донишчуёну омузгорони факултаи забонхои хоричи барпо гардид.

9 июн 2012

Семинар для представителей младшего состава правоохранительных органов

В рамках проекта Безопасность сообществ в Ферганской Долине, реализуемого ОО АНТИ (РТ) совместно с МО Saferworld (Великобритания), ОФ Фонд за международную толерантность (КР) и ОО Молодежные инициативы развития (РТ), 2-3 июня 2014 года в г. Оше КР был организован семинар для представителей младшего состава правоохранительных органов( начальники ПОМ, ООП, участковые инспектора и инспектора по делам несовершеннолетних) целевых сообществ Исфаринского, Аштского, Дж.Расуловского районов РТ и Баткенской, Ошской и Джалалабадской областей КР по обмену опытом по вопросам решения проблем безопасности в сотрудничестве с населением.

Минтақаҳои фаъолият