14 фев 2020

Тарбия аз оила оғоз меебад

Имрӯз фасилитаторони МЗЗ дар ҷамоати Ҳайдар Усмон, ноҳияи Б. Ғафуров бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ баргузор карданд. Барои муҳокима, мавзӯи "чӣ гуна тарбияи волидайн ба бунёди оилаи ояндаи кӯдакон бидуни зӯроварӣ таъсир мерасонад" интихоб шуда буд. Чӣ хеле ки баромад, кӯдакон ин як оинаи оила аст. Сарфи назар аз хусусиятҳои инфиродӣ, кӯдакон инъикосгари оилаи хешанд. Иштирокчиён намунаҳои воқеиро оварданд: кӯдаконе, ки дар шароити душвор ба воя расидаанд, ба ташвишҳои азим ба ру ба рӯ шудаанд; ё ки дар ғазаби падару модарон ва дар оилаҳое, ки дар он ҷо зӯроварӣ буд, ба воя расидаанд. Ниҳоятан, кӯдак ҳама чизро хуб мушоҳида мекунад: некӣ, бадӣ, ростқавлӣ, рафтори бад...
Иштирокчиён пешниҳод карданд, ки барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ пеш аз ҳама, ҳар як фард бояд аз худаш оғоз кунад ва ба тарбияи фарзандони хеш аҳамияти муҳим диҳад, то ки онҳо дар муҳити оилаи солим ва дӯстона камол ёбанд ...
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

29 мар 2011

Вохўрии нохиявӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон дар ноҳияи Б.Ғафуров

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза дар зидди радикализм (MYPAR)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, вохўрии ноҳиявӣ оиди коркарди барнома барои ҷавонон дар ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият