23 мар 2011

Чорабинии муштараки байнисарҳадӣ бахшида ба иди «Наврўз»

22 март дар ҳудуди мактаби № 64 ноҳияи Сомониёни Ҷумхурии Тоҷикистон чорабинии муштараки байнисарҳадӣ бахшида ба иди “Навруз” баргузор гардид. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Фестивали Дўстӣ» баргузор гардид.

Маҷсади чорабинӣ: мусоидат намудан дар пойдории ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, ҳамкорӣ дар ҷомеаи мақсадноки Кўк Тош ва Сомониён бо роҳи муштарак ҷашн гирифтани иди байналхалқии Навруз.

Барномаи чорабинӣ аз инҷо иборат буд:

- баромади намояндагони ҷамоатҳо ва мақомотҳои маҳаллӣ

- дастархони идона ва оши палави миллӣ

- тайёр намудани «Суманак» аз тарафи занони тоҷик ва занони қиргиз

- гузаронидани чорабинии варзишӣ - футбол ва волейбол

- гузаронидани чорабинии маданию фарҳангӣ - сурудхонӣ, рақскунӣ, шеърхонӣ ва ғайра

- супоридани тўҳфаҳо ба ғолибон.

Дар охири чорабинӣ пирони қишлоӣ ва оқсақолон барои гузаронидани чорабинии идона арзи сипос баён карда, ба ҳама сулҳу амонӣ ва инчунин бомувваффақиятона баохиррасонии лоиҳаи гузаронидани хати обро орзу намуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт ва байни чавонон ягон ихтилоф ба вучуд наомад. Иштирокчиён зарурияти гузаронидани ин хел чорабиниро дар роҳи мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳмиву дўстӣ байни аҳолии ҷамоати Сомониёни Ҷумхурии Тоҷикистон ва Кўктоши Ҷумхурии Қирғизстонро қайд карданд.

Дар натиҷаи гузаронидани ин чорабинӣ аҳолии ҷамоатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии ҷамоатҳои Ҷумҳурии Қирғизстон дўстӣ пайдо карданд ва байни аҳолии ду кишвар, байни аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин байни аҳоливу мақомотҳои маҳаллӣ нисбати якдигар боварӣ пайдо шуд.

Ҳабарҳои дигар

11 июл 2015

Главная дорога

11.07.2015 года в селе «Зарнисор» началась реализация проекта для махалинских комитетов «Общественные инициативы ключ к развитию таджикского села» финансируемый Фондом солидарности Польши.

19 май 2017

Бонувони қирғиз ҳунарҳои миллии тоҷиконро меомӯзанд

Омӯзиши мазкур, бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Лаккони Исфара дар доираи ќисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Минтақаҳои фаъолият