4 окт 2010

Ҳамкории муассиссаҳои ТИК бо кордиҳандагон

Чорабинии “мизи мудаввар”, ки дар сатҳи вилоят 1 октябри соли ҷорӣ дар қаҳвахонаи “Гулшан”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ба масоили шуғли меҳнати хатмкунандагони омўзишгоҳҳои касбӣ бахшида шуд. Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барпо гардид. Мавзўи мизи мудаввари навбатӣ “Ҳамкории муассиссаҳои ТИК бо кордиҳандагон” буд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар кордиҳандагон, намояндагони оҷонсиҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мақсаднок, намондаи идораи маориф, идораи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Суғд, сарварони муассиссаҳои таҳсилоти касбии ибтидоӣ(ТИК) дар сатҳи вилоят ва инчунин сарвари ТҶ АЗИТ ва дигар ҳамкорони лоиҳа иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳи ва презентасия доир ба мавзўи “Ҳамкории муассиссаҳои таҳсилоти касбии ибтидоӣ бо кордиҳандагон” менеҷери лоиҳа Фаррух Зоҳидов баромад намуд. Ў зикр намуд, ки алоқаи муассиссаҳои ТИК бо кордиҳандагон дар солҳои охир ба мисли солҳои 70-80-ум нест. Соли 1991 барои ҳамаи ҷумҳурияҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ давраи муҳими таърихӣ гардид ва ҳар як ҷумҳурӣ давлати алоҳида гашт. Оғози моҳи сентябри ҳамон сол Тоҷикистон низ истиқлолияти хешро ба даст овард. Ҳамзамон бо пошхурии Иттиҳоди Шўравӣ ҳама намуди равобити иқтисодивӣ байни ҷумҳурияҳо низ пароканда гашт. Миқдори зиёди ширкату муассиссаҳои истеҳсолӣ бе ашёи хом монда, аз кор боздошта шуданд. Ҳазорҳо одамон бе кор монданд. Иқтисоди бозоргонӣ бо принсипи асосӣ ба миён омад: талабот омили асосии густариши истеҳсолот. Таъсири манфии Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар ҳис карда мешуд. Дар ҷустуҷўи кор одамон ба муҳоҷират руй оварданд, ки он ҳам мушкилоти худро дошт. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот барномаҳои давлатӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ, инчунин оиди бозомўзӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани ихтисоси коршиносон таҳия гаштанд.

Аз рўи гуфтаҳои сардори муассиссаҳои ТИК дар назди идораи маорифи вилояти Суғд Солиҷонов А, солҳои охир норасоии кадрҳо дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба назар мерасад, гарчанде ҳар сол ба бозори меҳнати минтақа зиёда аз 20 ҳазор хатмкунандагони ТИК ва муассиссаҳои миёнаи касбӣ мебароянд. Дар ҳудуди вилояти мо 23 омўзишгоҳҳо ва донишкадаҳо амал мекунанд, вале талабот ба кадрҳои меҳнатии баландихтисос кам намегардад. Дар кишвар 28 макотиби олӣ ва 63 муассиссаҳои ТИК мавҷуданд, ки ин макотиби олӣ 156 ҳазор мутахассиссони соҳиби маълумоти олӣ ва муассиссаҳои ТИК зиёда аз 20 ҳазор мутахассиссонро тайёр мекунанд, ки мувофиқи он ба як ихтисоси меҳнатӣ 7 сардорони маълумоти олидор рост меоянд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар кордиҳандагон ва намояндагони оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баромад намуданд.

Мизи мудаввар бо таклифу пешниҳодоти мушаххас ба идораи маориф, иттиҳодияҳои касбӣ, сарварони муассиссаҳои гуногуни моликиятдор ва муассиссаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардид.

Чунин мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе 17.09.2010 дар комплекси “Пойтахт ” бо иштироки кордиҳандагон, сарварони шаҳру ноҳияҳои мақсаднок ва намояндагони вазорати маориф низ барпо гардид.

Ҳабарҳои дигар

3 дек 2021

Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила

Дар ш. Душанбе бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи“Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила-ҷанбаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ”судяхо-коромузон ва кормандони дастгохи суди ташкил ва гузаронида шуд.

12 июл 2011

Фонди қарзии хурд "АСТИ"

Фонди қарзии хурди АСТИ, минбаъд ФҚХ АСТИ, 14 феврали соли 2005 дар Вазорати Адлияи ҶТ бораи иҷрои фаъолияти хурди молиявӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи ТҶ АЗИТ таъсис дода шудааст.

Минтақаҳои фаъолият