3 дек 2018

Барномаи радиоӣ бо пахши мустақим

3 декабри 2018 сол дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” дар шаҳри Исфара барномаи радиоӣ бо пахши мустақим ташкил карда шуд. Дар барнома роҳбари Намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Ҳомидов Нурулло Абдуваҳҳобович баромад намуданд. Мақсади баргузории барнома – ин ҷалб намудани диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии онҳо; мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон мебошад. Дар рафти барнома шунавандагони радио тариқи зангҳои телефонӣ ва смс паёмакҳо суолҳои худро иброз доштанд, мутахассиси даъватшуда бошад, ба суолҳои шунавандагон посухҳои мушаххас дод. Инчунин, мутахиссис ба суолҳои шаҳрвандон, ки пешакӣ ба идораи радиои шаҳри Исфара ворид гардида буданд, ҷавоб доданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА амалӣ мегардад.

Ҳабарҳои дигар

15 май 2020

Барои оилаҳои шахсон/кӯдакони дорои маъюбият дошта, кӯмак расонида мешавад

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии "АЗИТ" ва "ДАРО" ба оилаҳое ки дорои шахсон/ кудакони маъюбанд, дар шакли тақсимкунии маҳсулоти санитарӣ ва гигиенӣ кӯмак расониданд.

17 ноя 2021

Дар ш. Душанбе тренинги 2-руза гузаронида шуд

Дар ш. Душанбе дар хамкори бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи“Мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар заминаи зӯроварии хонаводагӣ – бақайдгирӣ, ҳимояи ҷабрдидагон ва ҷазои зӯроварон (ҳуқуқвайронкунандагон) барои кормандони милитсияи ш. Душанбе//

Минтақаҳои фаъолият