10 июн 2014

Барномаи ташрифи мубодилавӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» барномаи ташрифи мубодилавӣ барои 12 нафар занони клубҳои занони вилояти Хатлон оғоз гардид. Бо ҳамроҳии Малика Боймуродова аз ТҶ АЗИТ ва Гулнора Сувонқулова аз ТҶ Ҳамроз занон ба вилояти Суғд барои мубодилаи таҷриба бо клубҳои занони Навбаҳор, Қундуз момо ва Файзи ноҳияи Ашт, инчунин бо клубҳои Ойзода ва Фирӯзаи ноҳияи Б. Ғафуров ташриф оварданд.
Дар рӯзи аввали ташриф занон ба ду клуб - Навбаҳор ва Наргиз ташриф оварданд. Клуби занони Навбахор Маркази баландбардории ихтисосро таъсис дод, ки дар он ҷо занони ҷавон касб меомӯзанд. Ба ғайр аз якчанд мошинаи дарздӯзӣ, клуб боз ду мошина барои андозагирӣ ва як барои гулдӯзӣ дорад. Дар вақти ташриф ба ин клубҳо занҳо диданд, ки дар коргоҳ занон кор мекарданд, тарзи идоракунии коргоҳи дӯзандагиро аз худ карданд. Инчунин онҳо оиди механизми қарздиҳӣ иттилоот гирифтанд. Ба занҳои Хатлон меҳмоннавозӣ ва фаъолнокии занҳои Ашт бисёр писанд омад.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

24 апр 2015

Семинар дар «Аз мушкилот ба лоиҳа"

Семинар ду-рӯзина дар мавзӯи «Аз мушкилот ба лоиҳа» як силсилаи семинарҳои бояд дар доираи лоиҳаи амалигашта: «Ташаббуси ҷамъиятӣ -. калиди ба рушди деҳоти тоҷик" мекушояд.

Минтақаҳои фаъолият