18 окт 2010

Омўзиши касб - талаботи замона

Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ- техникии Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки дар ҳамкории зич бо ОКТ ва литсейҳо амалӣ мегардад, барномаи навбатии гуфтугўии телевизиониро дар мавзўи «Омўзиши касб- талаботи замона» мегузаронад.

Зиндагии муосир ба инсон талаботҳои наву муайянеро изҳор менамояд. Аз ин ру инсони муосир бояд мустақил ва бо танқид андешаронӣ кунад, қарор қабул намояд ва ҳамзамон ҳисси масъулиятро низ ба душ гирад. Дар бисери маврид вазифаи тарбияи чунин хислатҳо дар насли наврас ба сохтори маориф вогузошта шудааст. Афроди зиёде бо маълумоти олӣ маҷбур аст, ки касби коргариро пеша намояд.

Ҳангоми интихоби касб хатмкунандаи мактаб на ба лаёқату имкониятҳои хеш, балки бештар ба маслиҳатҳои дустону наздикон таваҷҷуҳ менамояд. Бо гирифтани диплом оиди маълумоти олӣ, мутахассиси ҷавон дониши гирифтаи худро татбиқ карда наметавонад ва маҷбур аст, ки касби коргариро барои таъмини оила интихоб намояд.

Қадре аз онҳо ба назди устоҳо мераванд, дигаре ба назди хешовандон ва баъзеҳо дар курсҳои кўтоҳмуддати Марказҳои Омўзишӣ ва муассиссаҳо таҳсилоти ибтидоии касбӣ (ОКТ ва литсейҳо) мераванд.

Маҳз ба ин мавзўъ, муаммоҳо ва дурнамои он - барномаи гуфтугуии телевизионӣ бахшида мешавад.

Агар ин мавзўъ Шуморо шавқманд карда бошад, ҳузури Шумо дар сабти ин барномаи гуфтугўи телевизионӣ боиси хурсандии мост.

Макон: ТВ «Суғд» ш. Хуҷанд. Кўчаи Камоли Хуҷандӣ 172 дар назди ИКД вилоятӣ

Сана: 22 октябр, оғози сабти барнома соати 08.30

Масъулон:

Темурмалик Раҳмонов (92) 777-04-61

Зебо Хоҷаева (92) 701-57-19

Ҳабарҳои дигар

13 окт 2021

Группа «Техникони наврас»

Сегодня, вопросы, связанные с молодежью находятся в центре внимания государства и организаций гражданского общества. Так, и в городе Канибадам для развития инновационных идей молодежи ОО «АНТИ» реализует проект при поддержки ЮНИСЕФ Таджикистан.

23 фев 2017

Комиссияи грантӣ

Ҳадафи баргузории комиссияи грантӣ ин муайян намудани ғолибони лоиҳаҳои хурд, ки қаблан ҳангоми гузаронидани ду марҳилаи семинарҳо аз ҷониби хонандагони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров коркард карда шудаанд

Минтақаҳои фаъолият