27 сен 2010

PR-аксияҳо доир ба мавзўи «Об - манбаи ҳаёт дар рўи Замин»

22 сентябри соли 2010 дар Омўзишгоҳи касбӣ- техникии №74-и ноҳияи Ашт ва 24 сентябр дар омўзишгоҳи касбии агро-саноатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аксия дар мавзўи “Об - манбаи ҳаёт дар рўи Замин” баргузор гардид.

Аксия дар доираи лоиҳаи “Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ” (PATENT) гузаронида шуд.

Барои иштирок дар ин аксия намояндагони кумитаҳои маҳаллӣ, хонандагони макотиби миёна, омўзгорон ва донишҷўёни муассиссаҳои таълимӣ таклиф шуда буданд. Барои гузаронидани аксия раҳнамунсозони ботаҷриба аз ТҶ “Гурўҳи ҷавонон оиди ҳифзи муҳити зист” (YGPE) Парвиз Оқилов и Машҳур Почоев даъват шуда буданд.

Барномаи аксия аз тамошои филмҳо доир ба мавзўи об, масоили ифлосшавии об, муҳоким, бозиҳо ва гузаронидани озмун-викторина доир ба мавзўи “Об-манбаи ҳаёт” иборат буд. Инчунин дар рафти аксия дар бораи идҳое, ки низ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешаванд, зикр карда шуд: Рўзи байналмиллалии сулҳ, Рўзи ҷаҳонии баҳр, Рўзи байналмиллалии ҳифзи қабати озонӣ ва Рўз бидуни автомобил. Саволҳои викторина асосан марбут ба об, рўзҳо ва идҳои хотирмони моҳ буданд.

Чунин PR- аксияҳо дар муассиссаҳои ТИК-и вилояти Хатлон санаи 15 сентябр дар литсейи саноати кимиёвии ш. Сарбанд доир ба мавзўи “Ҷавонон-неруи созандаи ҷамъият” ва 14 сентябр дар ОКТ №16 ноҳияи Восеъ дир ба мавзўи “ Экологияи ноҳияи ман” барпо гардиданд.

Ҳамагӣ дар ин чорабиниҳо қариб 700 нафар ширкат варзиданд.

Барои пахш намудани ин чорабиниҳо дар ВАУ намояндагон аз ширкати телевизионии СМ-1, рўзномаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ ба монанди “Иқбол”, “Шўҳрати Ашт», «Пролетар Тонги» низ даъват шуда буданд. Иштирокчиёни аксия хеле фаъолона дар маҳокимаи саволҳо доир ба об иштирок намуданд ва бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Ҳабарҳои дигар

5 авг 2021

Посещение Инновационной лаборатории

5 августа 2021 года Постоянный координатор ООН в Таджикистане г-жа Сезин Синаноглу и представители других структур ООН в Таджикистане, представители госструктур посетили Инновационную лабораторию, которая находиться при ЦДО №1 в Гафурове.

7 сен 2015

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз намуд

Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии UNICEF аз моҳи сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара оғоз намуд.

Минтақаҳои фаъолият