25 окт 2006

Баланд бардоштани потенсиали иттилоотӣ барои идораи маҳаллӣ

Тадқиқоти базисӣ оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани потенсиали иттилоотӣ барои идораи маҳаллӣ» (соли 2006)

Мақсадҳои лоиҳа

- Муайян кардани сатҳи ҳаёти хоҷагии хонаводаҳои ноҳияи Исфара ва гирифтани иттилооти появӣ барои арзёбии минбаъдаи самарабахшии барномаҳои рушд, ки он чизҳои зеринро дарбар мегирад:

- Арзёбии мақоми хоҷагиҳои хонаводаҳо;

- Арзёбии потенсиали маҳаллӣ, аз ҷумла потенсиали маъмурият, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва сектори хусусӣ;

- Муайян кардани манзараи ибтидоӣ, ки он барои муайян кардани пешрафт дар татбиқи барномаҳои рушд имкон медиҳад;

- Бо методология ва олоти иҷрои тадқиқоти появӣ таъмин кардани Комитетҳои Рушди Ноҳияҳо / Ҷамоатҳо

Ин тадқиқот чорабинии саривақтӣ ва муҳим буд, ки барои ба даст овардани манзараи ибтидоии вазъи хоҷагиҳои хонаводагии ноҳияи Исфара, потенсиали ноҳия ва ҷамоатҳо имкон дод. Гузаронидани тадқиқот дар ҳамаи 12 ҷамоати ноҳия ва дар ш. Исфара имкон дод, ки манзараи умумии вазъият дар тамоми ноҳия муайян карда, тавсияҳои аз ҳама мувофиқу мутобиқ оид ба беҳтар намудани идораи махаллӣ пешниҳод карда шавад. Натиҷаҳои дар натиҷаи тадқиқоти появӣ ба дастомада барои ба вуҷуд овардани пояи васеи маълумот оид ба параметрҳои асосии таъмини ҳаёти ноҳия асос шуда хизмат мекунад ва ба инъикоси илман асосноки динамикаи тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ ёрӣ мерасонад. Ғайр аз ин, мавҷудияти иттилооти ибтидоӣ асоси таҳияи нақшаҳои стратегияи рушди ноҳияи Исфара шуда хизмат мекунад.

Ҳабарҳои дигар

29 авг 2011

Мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо» мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.

21 фев 2022

Бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи

Санахои 16-17 феврали соли 2022 дар Исфара бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза дар мавзуъи “Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила-ҷанбаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ” барои корманони суди Исфара ва Конибодом, инчунин хукукшиносону адвокатхо ташкил ва гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият