12 окт 2021

Макоми зан дар чомеа

«Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гуем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд» бо чунин суханон кормандони ТЧ «АЗИТ» семинарро огоз намуданд. Семинар санаи 12 октябри соли 2021 дар мактаби тахсилоти умумии №36, чамоати Исфисор, нохияи Бобочон Гафуров дар мавзуи «Макоми зан дар чомеа» баргузор гардид. Максад аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатхи маълумотнокии чавонону наврасон оиди накши  зан дар хаёти имруза мебошад. Дар рафти семинар фасилитарони лоиха тарики интерактив хамрохи иштирокчиён корхои гурухи, бозихо гузарониданд. Иштирокчиён фаъолона ширкат варзида, оиди накши зан дар чомеаи имруза, зан-модар, маълумотнокии зан маълумот гирифтанд ва мухокима намуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ  "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари САҲА дар Душанбе баргузор мешавад
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

26 янв 2022

Тренинг дар Восеъ

Санахои 25 ва 26 январи соли чори бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ дар нохияи Восеъ тренинги 2-руза

28 апр 2017

Ҷавонони тоҷик ба Мақсад сафар карданд

Имрӯз дар мактаби ҷамоати Мақсади кишвари Қирғизистон Фестивали дӯстии сокинони ҷавони деҳаҳои ҳаммарз: Овчи­ Қалъача ва Мақсад доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулпазирии байналхалқӣ" дар Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" баргузор шуд.

Минтақаҳои фаъолият