24 июн 2022

Ҷамъбасти лоиха – Мизи мудаввар дар Душанбе

22 июни соли 2022 дар ш. Душанбе ТҶ "АЗИТ" бо дастгирӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он зиеда аз 40 намояндагони субъектҳои муқовимат ба хушунати хонаводагӣ қарор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шарикон ва иҷрокунандагон лоиҳа дар доираи Ташаббуси "Нури рушнои" сарчамъ шуданд. Хадафи асосии чорабинӣ ин чамъбасти натичахои фаъолияти лоиҳа ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба пурзўр намудани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, инчунин ҳуқуқшиносони давлатӣ ва адвокатҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони аз зуроварии шахвонӣ-гендери зарардидабуд Ба мизи мудаввар ҳуқуқшиносони давлатӣ, адвокатҳо, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои лоиҳа, аз ҷумла ш. Душанбе, Хисор, Рӯдакӣ, Бохтар, Восеъ, Евон, Хуҷанд, Исфара ва Б. Гафуров даъват шуда буданд.
Мизи мудаввар дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” ва ККЗО ЧТ амалӣ карда шуд. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Ҳабарҳои дигар

20 апр 2017

Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа аз Турсунзода таҷрибаи кории ҳамкасбони суғдии худро аз худ мекунанд

Мақсади асосии сафар ин мубодилаи таҷриба бо ҳамкасбони суғдӣ, инчунин омӯзиши фарҳанги муносибатҳои мутақобила ва анъанаҳои беҳтарин барои истифода дар татбиқи мини-лоиҳа дар Турсунзода буд.

6 дек 2015

«Об – роҳ ба сулҳ»

In the framework of the project “Peace begins with us” which is financing by UNICEF, the 6th of December 2015 year in Lakkon jamoat, Isfara districts was opening the cross border activity “Water Channel cleaning”.

Минтақаҳои фаъолият