3 окт 2005

Ҳисоботи таҳлили вазъият дар минтақаи адресии деҳоти Мақсад ва Қалъача

Ҳисобот оид ба таҳлили вазъият дар минтақаи адрессии Мақсад (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Қалъача (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷойгиршавии ҷуғрофии деҳаҳои Мақсад – Қалъача сабабии асосии муносибати махсуси намояндагони тарафҳои ҳам тоҷик ва ҳам қирғиз ба онҳо мебошад.

Ин деҳаҳо байни ду ҷумҳурӣ наздимарзӣ мебошанд ва қитъаи замине, ки алҳол аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ба ягон тарафи даъвокунанда мансуб дониста нашудааст, ба ном замини баҳсӣ ё территорияи баҳсӣ маҳз дар ҳаимн ҷо ҷойгир аст. Ин марз ё сарҳад дар ҳақиқат то он андоза шартӣ буд, ки ҳанӯз бештар аз 20-25 сол муқаддам тибқи даъват ба азхудкунии заминҳои бекорхобида (аз рӯи гуфти яке аз иштироккунандагони фокус – гурӯҳ) оилаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қад-қади роҳ - марз зиндагӣ мекарданд, тадриҷан замини он тарафи роҳро низ азхуд карданд.

Бо назардошти он ки мақсади мо ошкор сохтани масоиле буд, ки метавонанд боиси низои наздимарзӣ ё байниэтникӣ гарданд, мо кӯшиш ба харҷ додем дар ин хулоса проблемаҳои мавҷударо ба қисмҳои зерин тақсим кунем: масъалаҳое, ки боиси ба миён омадани низоъ мегарданд ва масъалаҳое, ки боиси ба миён омадани низоъ намегарданд.

Аз номгӯи калони масъалаҳо масъалаи муҳоҷирати оилаҳои тоҷик ва иқомати онҳо дар ҳудуди баҳснок, сохтмони иншооти обгирӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Қирғизистон масъалаҳои низоъбарангезтарин мебошанд.

Агар масъалаи партову олуда кардани обро ҳал кардан мумкин бошад (дар ин бора худи сокинон ва намояндагони ҳукумат низ мегӯянд), дар ҳалли масъалаи камбизоатӣ ташкилотҳои байналхалқию миллӣ, ки қарз медиҳанд ва ташаббусҳои ҷомеаҳоро дастгирӣ мекунанд, ёрӣ расонанд ва дар мавриди мавҷудияти хоҳиши тарафҳо ҳалли ин масъала мушкилие надошта бошад, проблемаҳои низоъбарангези мазкур дар ҳақиқат ҳалли хеле мураккабанд ва омӯзиши ҳамаҷонибаю муносибати эҳтиёткоронаро дар интихоби воситаҳои ҳаллуфасл ё пешгирии низоъ тақозо менамоянд.

Ҳабарҳои дигар

10 окт 2009

Шабакаи Таҳлилгарони Халқӣ

АЗИТ аз соли 2008 дар самти ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба татбиқ ва мониторинги СПСК ва институтсионалонии минбаъдаи низоми мониторинги ҷамъиятӣ тавассути Шабакаи таъсисдодаи таҳлилгарони халқӣ кор мекунад. Аъзои Шабака дар давраи кор дониши муайян андӯхтанд. Ин дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи рафти татбиқи барномаи Рушд иттилооти босифат гирд оварда, таҳлил кунанд.

4 ноя 2021

Тренинг для сотрудников милиции из числа участковых инспекторов и работников дежурных

От правильного документирования случая насилия в семье, т.е. составления материалов по данному факту и принятие соответствующих мер защиты пострадавших, способствует привлечению виновного лица (лиц) в совершении насилия в семье к справедливому наказанию.

Минтақаҳои фаъолият