2 дек 2018

Иншои беҳтарин дар мавзӯи «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» муайян гардид

Дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва барои дастгирии аксияи глобалии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон», ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илимӣ-техникии Тоҷикистон» (ТҶ “АЗИТ”) аз 01 ноябр то 01 декабри соли 2018 озмуни иншои беҳтаринро эълон намуда буд. Мавзӯи озмун «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» буда, он дар ҷамоатҳои мақсадноки лоиҳа (Сурх, Чорку ва Ворухи шаҳри Исфара) гузаронида шуд. Озмуни мазкур байни 13 мактабҳои ҷамоатҳо эълон гардида буд.
Сипас, кормандони лоиҳа корҳои хонандагонро ҷамъ намуда, ба ҳакамон барои холгузорӣ супориданд.Баъди дида баромадани иншоҳо, ҳайати ҳакамон ба хулоса омаданд, ки барои ҳар як ҷамоат се нафарӣ ғолиб муайян карда шавад. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъи холҳо ғолибони озмун муайян гардиданд.


Чорабинии мазур аз тарафи Ташкилоти ҷамъитии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

3 ноя 2021

Баробарии гендерӣ

Баробарии гендерӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон, балки заминаест барои расидан ба сулҳ, шукуфоӣ ва рушди устувор. Ва ҳангоме ки кӯдак ё наврас дар синни барвақтӣ табъизи гендериро эҳсос мекунад, оқибатҳои он метавонад ҷиддӣ бошад.

15 дек 2020

Семинар бахшида ба 75 солагии СММ

15 декабри соли 2020 дар Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон семинари навбати дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" баргузор гардид. Максади гузаронидани чорабини ин баланд бардоштани маьрифатнокии чавонон оид ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаьолияти он дар Точикистон мебошад.

Минтақаҳои фаъолият