10 окт 2015

Ду консултатсияи навбатӣ дар аввали моҳи октябр ба клуби «РУШНОИ» дастрас карда

Ду консултатсияи навбатӣ  дар аввали моҳи октябр ба клуби «РУШНОИ» дастрас карда шуда буд. Барномаи консултатсияҳо  ба иштироки занҳои косиб дар клуби мақсаднок барои баланд бардоштани сифат ва тараққиёти косибӣ, маҳсулоти дузандагӣ, ки аз тарафи онҳо ихтироъ карда шудааст, равона карда шуда буд. Гузаронидани  дарсҳои омӯзиши дар кор бо маҷаллаи мӯд. намуна сохтани либос,  бунёди шимҳои занона, технологияи тайёр намудани камзӯли занона. Дар рафти кор Шокирова Дилбар, Мирзоева Баргигул, Зарнигор, Басби, Гулчехра, Нозурбӣ, Қурбонгул  корҳое, ки бо дастони  косибони клуб ихтироъ карда  буданд, пешкаш намуданд, Онҳо коркардҳои худро дар техникаҳои гуногун нишон доданд: карокдӯзӣ, гулдӯзӣ ва гулдӯзии мошинӣ. Ҳамчунин, занҳо маҳсулоти тайёрро дар карокдӯзӣ нишон доданд, ки аҳли клуб барои фармоиш гирифта буданд.

Дар рузи авали иштирок   дарси омӯзиши оиди ихтирои қолиби шимҳои занона гузаронида шуд. Барои ин қолиби лидери клуб гирифта шуд ва бо намунаи он қолиби шим тайёр карда шуд. Аз гирифтани ченак то қолибҳои тайёр. Дар иштироки дуюм бо хоҳиши Баргигул матоъҳо, лавозимотҳои таҷрибавӣ ва масолеҳ барои  духтани камзӯли занона . Лавозимотҳои таълимӣ барои кор бо маҷаллаи Бурда. Инчунин занҳо барои аз маҷалла қолаб гирифтан, барои буридан, барои кор бо дарзмол ва ҷамъ намудани маҳсулот барои андоза кардан ҳавасманд карда шуданд. Баъди пӯшида андоза кардан занҳо  камзӯлчаҳоро бо методи бригадавӣ сохтанд. Яъне ба таври оператсионӣ. (яке дарзмол мекард, дигаре медӯхт, сеюмин мечаспонид ва ғайра.)  Фаъолтарин иштирокчиён Дилбар ва Баргигул буданд.

Як чизи муҳимро гуфтан мебоист: дар иштироки дуюм Баргигул аллакай бо ороиши намуди нав як ҷилди болиштро кашида гулдӯзӣ кардааст ки  ин бисёр ҳам зебо ва дилкаш буд.

Он аз якчанд қимҳои куртаҳои милли ва шимми занона иборат буд. Баъдан, масъалаҳои хариди лавозимот ва сифати маҳсулот, формаҳои нав ва  дизайни маҳсулоти ҳунармандӣ ва фурӯши маҳсулоти тайёр ба миён оварда шуданд. Ҳамаи вохӯриҳо аз савол ба занони ҳунарманд оғоз мешуд: - ким мизоҷи ҳамешагии шумо мебошанд, шумо лавозимотро аз куҷо мехаред, ва чӣ тавр ва дар куҷо маҳсулоти худро мефурӯшед. Дар рафти назорат қайд карда шуд, ки тасвири хамаи занони ҳунарманд қариб якхела ҳастанд и фарқияташон танҳо дар ранги ришта мебошаду халос.   Сифати маҳсулоти тайёр хуб аст.  Дар рафти вохӯрии мазкур занони Клуби занони Орзу бо рафти технологияии дӯхти маҳсулоти ҳам занона, ҳам мардона, ҳам баччагона шинос шуданд.  Ғояҳои нави схема ва нақшаҳо барои гулдӯзии корҳои дастӣ пешниҳод шуданд, суратҳо аз маҷаллаву газетаҳо бо ғояҳои нав дар соҳаи ороиши хонагӣ (сумкаҳо, клатч, рӯйкаши болишт …)

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

15 май 2020

Барои оилаҳои шахсон/кӯдакони дорои маъюбият дошта, кӯмак расонида мешавад

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии "АЗИТ" ва "ДАРО" ба оилаҳое ки дорои шахсон/ кудакони маъюбанд, дар шакли тақсимкунии маҳсулоти санитарӣ ва гигиенӣ кӯмак расониданд.

27 апр 2017

Варзиш барои ҳама

Пас аз ифтитоҳи толор иштирокчиён ба миз даъват карда шуданд ва меҳмонону мизбонон ҳангоми чойнӯшӣ ҳамдигарро пазироӣ намуданд. Аммо чорабинӣ дар ин ҷо анҷом наёфт, дар клуби маҳаллӣ ҳамагонро аҷуба дар намуди барномаи фарҳангӣ, ки аъзоёни ГТҶ омода намуда буданд, интизор буд.

Минтақаҳои фаъолият