11 мар 2020

Вохӯрии навбатии иттилоотӣ бо занон дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 11-уми марти соли 2020, вохӯрии навбатии иттилоотӣ бо занон дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи «Савр» дар мавзӯи «Гендер. Баробарии гендерӣ ва стереотипҳои гендерӣ» баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ шинос намудани занон бо мафҳуми "гендер" ва чӣ гуна "стереотипҳои гендерӣ" ба муносибатҳои оилавии одамон таъсир мерасонанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ дар пурсишҳои кӯтоҳ ширкат варзиданд, корҳои гурӯҳиро иҷро намуданд ва стереотипҳои гендериро муайян карданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

5 сен 2017

Саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардад

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур, сессияҳои хурд оид ба "Таҳаммулпазирӣ" доир гардид. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.

2 ноя 2017

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мастер-класс оид ба сихкабоб доир гардид

фзудани хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона ва қаҳвахонаҳо сифати таоми пешниҳод гаштаро зери шубҳа мегузорад. Махсусан, сихкабобҳои дар ҳар кӯчаву хиёбон вомехӯрдаро аз рӯи сураташ баҳогузорӣ намудан имконнопазир аст.

Минтақаҳои фаъолият