2 ноя 2017

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мастер-класс оид ба сихкабоб доир гардид

Афзудани хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона ва қаҳвахонаҳо сифати таоми пешниҳод гаштаро зери шубҳа мегузорад. Махсусан, сихкабобҳои дар ҳар кӯчаву хиёбон вомехӯрдаро аз рӯи сураташ баҳогузорӣ намудан имконнопазир аст.
-Сифати сихкабобро танҳо дар вақти тановул аз рӯи таъм ва суръати реза шуданаш муайян кардан мумкин аст,-мегӯяд Парвиз Мавлиддинов, узви гурӯҳи тамосии ҷавонони ҷамоати Овчӣ-Қалъача.
Имрӯз дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони ҷамоати мазкур, мастер-класс оид ба омода намудани сихкабоб баргузор гардид. Дар он, натанҳо ҷавонони Тоҷикистон, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаҳои Қирғизистон-Мақсад, Интернатсионал ва Қулунду ширкат намуданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, рушди соҳибкории ҷавонон, тақким бахшидани дӯстӣ ва ҳамкории насли ҷавони ноҳияҳои наздисарҳадии давлатҳои ҳамсоя мебошад.   
Бақитбек Қулматов, сокини деҳаи Қулундуи Қирғизистон дар поёни чорабинӣ ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ карда гуфт:
-Аксари  мардуми деҳаамон сихкабобро маҳз аз  Овчӣ-Қаъача харидорӣ мекунанд. Беҳуда набудааст, зеро бо таъм ва мазза фарқ мекунад. Хуб мешуд, агар ҳамкориро ба роҳ монда, дар ин ҷода мубодилаи таҷриба намоем, зеро ин самт имрӯз тиҷорати сердаромад ба ҳисоб меравад.  
Дар рафти мастер-класс иштирокчиён оғоз аз интихоби маҳсулоти гӯштӣ то технологияи омода намудани сихкабоб маълумот пайдо карда, худ низ ба шаклдарории сихкабобро таҷриба карданд.
Мастер-класс аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣғтехникии Тоҷикистон бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" доир гардид. 

        

Ҳабарҳои дигар

13 дек 2010

Встреча по приоритезации проектной команды

11 декабря в селе Сомониён состоялась встреча по приоритезации проектной команды с представителями всех слоёв население, т.е. активистами села, которые участвовали на встречах по безопасности

11 май 2017

Саёҳати «ширини» ҷавонони қирғиз ба Тоҷикистон

Аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Самарқандаки кишвари Кирғизистон баҳри ошноӣ аз фаъолияти соҳибкорони вилояти Суғд дар нимаи аввали рӯз ба шаҳри Хӯҷанд омаданд. Онҳоро дар ин сафар 23 нафар ҳамсолонашон аз деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара ҳамроҳӣ карданд.

Минтақаҳои фаъолият