1 июл 2014

Дугонаҳои худро меомӯзонем

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» аз 17.06 – 21.06.2014 сол дар ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа курси 5 рӯзаи дӯзандагӣ гузаронида шуд. Пас аз ба анҷом расидани курсҳои таълимии дӯзандагӣ барои аъзоёни клубҳои занони вилояти Хатлон дар «Маркази таълими калонсолон»-и ш. Қӯрғонтеппа курсҳои мазкур гузаронида шуданд. Курсҳо барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси занони деҳот дар соҳаи дӯзандагӣ гузаронида шуданд. Пас аз ба анҷом расидани курси 5 рӯза ба иштирокчиён сертификатҳои дӯзандаи боихтисос дода шуданд. Дар деҳот ба касби дӯзандагӣ талабот хеле зиёд аст. Аз сабаби паст будани сатҳи зиндагии аҳолӣ аксарияти оилаҳо имконият надоранд, ки духтарон ва занони худро омӯзонанд. Курсҳои панҷрӯза дар айни вақт буданд. Занон ба ин курсҳо муносибати ҷиддӣ доштанд. Аъзоёни клуби занон, ки дар курсҳои дӯзандагӣ касб омӯхтанд. омода буданд, ки дигар аъзоёни клубҳоро низ ба ин касб омӯзонанд. Онҳо чӣ аз ҷиҳати назариявӣ ва чӣ аз ҷиҳати амалия омӯзонида шуданд.

 

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

5 сен 2017

Саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардад

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур, сессияҳои хурд оид ба "Таҳаммулпазирӣ" доир гардид. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.

28 окт 2021

Милиция на страже безопасности...

Ответственность за совершение насилия лежит на том человеке, который его совершает (независимо от того, это женщина или мужчина), и закон определяет эту ответственность.

Минтақаҳои фаъолият