18 авг 2010

Корхонаи таълимию истеҳсолии ноҳияи Бохтар

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон» «Корхонаи Таълимию истеҳсолии ноҳияи Бохтар» ташкил карда шудааст.

Он омода аст хизматҳояшро оид ба коркарду бандубасти лимӯ ва дигар меваҳои нозукпӯст пешниҳод кунад.

«Корхонаи маорифию истеҳсолии ноҳияи Бохтар» моҳи ноябри соли 2009 ташкил шудааст.

Он маркази таълимӣ оид ба коркарди хушсифат ва бандубасти лимӯ ва дигар меваҳои нозукпӯст мебошад. Он ба хоҷагиҳои хонагӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ имкон медиҳад маҳсулоташонро дар дастгоҳҳои олисифати истеҳсоли Туркия аз коркард гузаронида, коғазпеч ё навъи дигари банду баст кунанд. Таҳвилгари хатти истеҳсолӣ ширкати «KORALP»-и Туркия аст.

Хатт дар як басти корӣ то як тонна маҳсулотро аз коркард гузаронида, банду баст мекунад. Иқтидори истеъмолии хатти истеҳсолӣ - 7кВт/соат аст.

КМИ-и Бохтар хизматҳои зеринро пешкаш мекунад.

- Шустани лимӯи хушк ва дигар меваҳои нозукпӯст

- Хушк кардани лимӯи хушк ва дигар меваҳои нозукпӯст

-Колибровкаи лимӯ ва дигар меваҳои нозукпӯст

- Печонидани лимӯ ва дигар меваҳои нозукпӯст ба коғазҳои андуда ё дона-дона ба пакетҳои полипропиленӣ

Дар пояи Корхонаи маорифию истеҳсолӣ маркази захиравӣ оид ба пешниҳоди иттилоот ташкил карда шудааст:

- дар бораи технологияи парваришу нигоҳубини зироатҳои кишовразӣ

- дар бораи истеҳсолкунандагони таҷҳизоти коркарди зироатҳои кишоварзӣ

- дар бораи технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ

- дар бораи стандартҳои сифат ва сертификатдиҳӣ ба маҳсулот

- дар бораи қоидаҳои содир кардани маҳсулот

- ва маводи зиёди дигар марбут ба маҳсулоти кишоварзӣ

Суроға: вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ҷалилов, 102 (дар ҳудуди заводи консерви ҶДММ «Алӣ»)

Шахси тамосӣ: мудири сех Шарифов Мамадшариф, E-mail: koo-limoni@mail.tj , Тел. (+992) 91 900 35-26

Ҳабарҳои дигар

28 авг 2009

Летний лагерь на юге Кыргызстана

Сеть НПО ФД «Долина мира» с 23 по 26 августа 2009 года на юге Кыргызстана, провела летний образовательный лагерь, в котором приняли участие ученики старших классов из приграничных школ ФД.

11 май 2017

Саёҳати «ширини» ҷавонони қирғиз ба Тоҷикистон

Аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Самарқандаки кишвари Кирғизистон баҳри ошноӣ аз фаъолияти соҳибкорони вилояти Суғд дар нимаи аввали рӯз ба шаҳри Хӯҷанд омаданд. Онҳоро дар ин сафар 23 нафар ҳамсолонашон аз деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара ҳамроҳӣ карданд.

Минтақаҳои фаъолият