10 июн 2021

Бо вуҷуди дастовардҳо дар соҳаи маориф, ҷаҳон бераҳмона

"Бо вуҷуди дастовардҳо дар соҳаи маориф, ҷаҳон бераҳмона ва ниҳоят табъиз нисбат ба духтарон боқӣ мемонад" бо ин суханон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони микрорайонҳои 33-34 вохӯрии навбатӣ оғоз ёфт. Ҳадафи ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти тарбияи духтарон ва нақши онҳо дар ҷомеа мебошад.
Маълум аст, ки сармоягузорӣ ба таълими духтарон дар рушди ҷомеаҳо, тавонмандсозии онҳо ва баланд бардоштани иштироки онҳо дар ҷомеа нақши муҳим дорад.
Бо вуҷуди он, ки таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон ройгон аст, теъдоди зиёди духтарон ба мактаб намераванд: танҳо 64% духтарон аз синфҳои поёнӣ ба синфҳои болоӣ мегузаранд, дар ҳоле ки 86% писарон. Сатҳи таҳсилоти олӣ низ нисбатан паст аст: танҳо 18% аҳолӣ ба маълумоти олӣ дастрасӣ доранд, ки нисбат ба кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 2,5 маротиба камтар аст.
Ҳамчунин, мушкилоти хушунати хонаводагӣ ва қочоқи инсон баррасӣ шуд. Барои мустаҳкам кардани маводи пешниҳодшуда мисолҳо оварда шуданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

23 дек 2020

Семинар на тему "Гендерное (не)равенство в семье

Был проведен семинар на тему "Гендерное (не)равенство в семье. Гендерные стереотипы" в общеобразовательной школе #32 в джамоате Шахрак, Бобочон Гафуровского района для мальчиков 11 классов.

Минтақаҳои фаъолият