20 окт 2005

Баъзе ҷанбаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Суғд

Дар таърихи инсоният равандҳои муҳоҷиршавии аҳолӣ ҳамеша ҷой доштанд ва одамон доимо аз як маҳал ба маҳалли дигар мекӯчиданд ва дар ин маврид сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, психологӣ ё сиёсӣ нақши муҳим мебозиданд.

Тоҷикон низ аз ин раванд дар канор набуданд.

Аз қадимулайём ин халқ ба сабаби тағйироту дигаргуниҳои таърихӣ аз ноҳияҳои нерӯи меҳнатиаш зиёд ба маҳалҳои аҳолинишини нерӯи меҳнатиаш ғайрикофӣ мекӯчиданд, вале аксаран ин муҳоҷиратҳо дар ҳудуди воҳиди худии давлатию маъмурӣ сурат мегирифтанд. Вақтҳои охир бошад чунин истилоҳот аз кабили «Муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ», «Муҳоҷири меҳнатӣ» ё «гастербайтер» ба захираи луғавӣ, шуур ва ҳаёти тоҷикистониён сахт ҷойгир шудаанд.

Маҳз ба ҳамин сабаб мақсади таҳқиқоти мо иборат буд аз: «… Муайян кардани симои муҳоҷири меҳнатии миёна аз Тоҷикистон, ошкор сохтани алоқаи мутақобилаи беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути азхуд кардани касбҳое, ки дар ҷои кори эҳтимолӣ дар хориҷа ба онҳо эҳтиёҷ ҳаст».

Дар ҳисоботи пешниҳодшавандаи мо аввалин кӯшиш ба харҷ медиҳем, то тамоюли ояндаи раванди муҳоҷирати меҳнатии берунаи наздимарзиро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор диҳем. Ба диққати хонандагон натиҷаҳои аз нуқтаи назари оморӣ пешакӣ коркардшудаи маҷроҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, обзори дастаи ҳуҷҷатҳо, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунанд, тавсифи фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар территорияи Федератсияи Русия чун қабулкунандаи (импортер) асосии нерӯи коргарӣ аз Тоҷикистон пешкаш мегардад.

Умедворем, натиҷаҳои пешниҳодгардида дар татбиқи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа муфид хоҳад буд.

Ҳабарҳои дигар

15 дек 2020

Первая встреча с Межведомственной рабочей группой

10 декабря 2020 года была проведена первая встреча с Межведомственной рабочей группой, созданной в рамках национальной стратегии Республики Таджикистан по противодействию экстремизму и терроризму на 2016 -2020 годы при Хукумате Б.Гафуровского района.

19 май 2021

Зиёд шудани чудошавии оилахои чавон

Вайрон шудани оилахо дар замони хозира боз хам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару Модаронро дар ташвиш гузошта истодааст, вале ин мушкили хар як чавондухтар ва шеърбачахоро низ дар гам гузошта истодааст.

Минтақаҳои фаъолият