29 июл 2010

Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизиотӣ

Лоиҳаи «Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизиотӣ» бо дастгирии АКТ-и Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад ва ба пешбурди иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар мониторинги барномаҳои миллӣ, институтсионализатсияи мониторинги ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани самарабахшии татбиқи барномаҳои рушд нигаронида шудааст.

Фаъолияти дар доираи ин лоиҳа ба субут расида ба намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки дар таҳия, татбиқ ва мониторинги барномаҳои миллии рушди мамлакат дар мисоли СПСК дар солҳои 2010-2012 амалан иштирок кунанд ва ба гузариш ба сатҳи нави фаъолияти Гурӯҳи Мусоидат ва баланд бардоштани нақши ТҶШ дар раванди рушди мамлакат мусоидат намоянд. Шарикони Гурӯҳи Мусоидат метавонанд малакаҳои ҳосилкардаро дар маҳалҳо истифода баранд, ТҶШ-ро дар минтақаҳо барои кор дар макросатҳ муттаҳид созанд, намояндагони ҷомеаҳои маҳаллӣ ба воситаи намояндагони Шабакаи Таҳлилгарони халқӣ саривақт дар бораи барномаҳои давлатии амалишавандаи рушд огоҳонида мешаванд. Дар натиҷаи иҷроиши ин фаъолият нақш ва ҷои Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар системаи мониторинг ва арзёбии барномаҳои миёнамӯҳлати рушд муайян карда мешавад. Fайр аз ин, иштироки ташкилотҳои Ҷамъияти Шаҳрвандӣ ва намояндагони ҷомеҳои маҳаллӣ дар мониторинги татбиқи СПСК ба инъикоси манзараи воқеии камбизиотӣ имконият медиҳад. Дар ҳисобот оид ба татбиқи барномаҳои стратегии барномаи рушд ақидаи аҳли ҷамъият пешкаш мегардад.

Гӯшаҳои захиравию иттилоотии дар минтақаҳо таъсис дода, ки дар онҳо дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои стратегии дар мамлакат амалигардида истода, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, иттилооти чопии даврӣ, мавод дар бораи рафти татбиқ ва мониторинги барномаҳои миёнамӯҳлати рушд таъмин карда мешавад, ба ҳалли проблемаи вакууми иттилоотии намояндагони мақомоти худидораи махаллӣ ва сокинони ҷомеаҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи мавҷудияти маълумоти ҳуҷҷатҳо ва шавқу мароқ ба комёбиҳо дар татбиқи онҳо ёрӣ мерасонанд. Ва мутаносибан, ба баланд бардоштани масъулияти сохторҳои давлатӣ баҳри муваффақият дар ноил гардидан ба мақсадҳои дар пеш гузошташуда ва вазифаҳои барномаҳои давлатӣ низ мусоидат мекунанд.

Муттаҳид шудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар гурӯҳи мусоидат ба таҳия, татбиқ ва мониторинги барномаҳои миллии рушд ва ҷидду ҷаҳди якҷояи 12 (соли 2009 ба ҳайъати Гурӯҳ боз 6 ташкилот дохил шуданд) ташкилоти ҷамъиятӣ механизми самарабахши ба таври устувор ҷалб кардани намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ дар пайгирии татбиқи барномаҳои миллии рушд, ҳамчунин олати ба даст овардани нишондиҳандаҳои ҳақиқии тагйир ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва дигаргуниҳои сифатӣ дар сатҳи ҷомеа мебошад.

Ҳабарҳои дигар

8 фев 2017

Мулоқоти ҳамоҳангсозии шарикон

8 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти шарикии навбатии намояндагони БРСММ Тоҷикистон, БРСММ Қирғизистон, ташкилоти ҷамъиятӣ аз Қирғизистон “Youth of Osh” ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” баргузор гардид

23 фев 2022

Санахои 22-23 феврали соли 2022 дар ш. Бохтар семинари 2-руза

Санахои 22-23 феврали соли 2022 дар ш. Бохтар семинари 2-руза оид ба пешниход намудани ёрии хукукии дуюмдарача ба гирифторони (ҷабрдидагон) зӯровари шахвони-гендери барои хукукшинсони давлати ва адвокатхои ш. Бохтар, нохияхои Восеъ, Ёвон, Чоми, Балхи, Кубодиён ва дигархо ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият