7 июн 2014

Курси дӯзандагӣ – ҳамчун гарави баланд бардоштани нерӯи занон

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» дар заминаи «Маркази таълими калонсолон»-и ш.Кургонтеппа дар ду давр аз 15.05 то 26.05.2014 ва аз 29.05 то 7.06.2014 сол барои 24 занони клубҳои занони вилояти Хатлон курси дӯзандагӣ ташкил шуд. Дар давоми 10 рӯз иштирокчиён аз рӯи барномаи 72 соата, ки аз тарафи «Маркази таълими калонсолон» тартиб ва тасдиқ шудааст касб омӯхтанд.
Иштирокчиёни курси тахассусӣ дар як рӯз 7 соат дарс меомӯхтанд. Барномаи таълимӣ ҳам аз қисми назариявӣ ва ҳам аз амлӣ иборат буд. Аз рӯзи аввлали дарс ҳамаи иштирокчиёни курс ба машғулият муносибати ҷиддӣ доштанд. Онҳо қоида, чадвали навбатдорӣ тартиб доданд, ки бояд ҳар як иштирокчӣ дар вақти дарс риоя намояд, инчунин онҳо роҳбари гурӯҳро интихоб карданд, ки барои корҳои ташкилӣ мутасаддӣ мебошад.


Раванди таълим самаранок гузашт. Ҳар рӯз иштирокчиён дониши нав мегирифтанд. Омӯзгор Нажмудинова Х. нисбати иштирокчиён хеле серталаб ва сахтгир буданд. Ин хел муносибат натиҷаи мусбат дод. Бисёрии иштирокчиён бори аввал дар амалия бо мошинаи дарздӯзии тамғаи «Чайка» кор карданд, ки он якчанд вазифаҳоро иҷро мекунад. Ба ғайр аз ин мошинаи дарздӯзӣ иштирокчиён бо технологияи навтарини замони муосир - мошинаи дарздӯзии тамғаи «Janome», ки бо системаи компутерӣ фаъолият мебарад, шинос шуданад,. 

Юнусова Ситора аъзои клуби «Орзу» фикри худро нисбати курс чунин баён кард: «Ба туфайли ин курсҳо, ман бо мошинаи дарздӯзии тамғаи «Чайка» дӯхтанро аз худ намудам, то ин вақт ман бо мошинаи дастӣ медӯхтам, ки танҳо як вазифаро иҷро мекард». Саидрахмонова Мухтарама гуфт: «Дар ин курс мо бисёр дар бораи технология ва дарачаи ихтисоси касби дузандагиро омӯхтем. Хуб мешуд агар ин курси дӯзандагӣ барои дар амалия нағзтар омӯхтан боз давом дода шавад».

Пас аз ба анҷом расидани курси мазкур барои иштирокчиён имтиҳон гузаронида шуд. Ҳамаи иштирокчиёни курс ба имтиҳон бо ҳисси масъулиятшиносӣ имтиҳон тайёрӣ дида омаданд. Ҳамаи иштирокчиён имтиҳонро бо баҳои аъло супориданд.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

 

Ҳабарҳои дигар

24 авг 2020

Мобильные консультации в двух целевых районах проекта

«Не своевременная регистрация брака с иностранными гражданами приводит к тому, что дети остаются без свидетельств о рождении» - утверждала специалист проекта «Поддержка реформы системы регистрации актов гражданского состояния в Таджикистане» по мобильным консультациям Ёкубзода Хикоят.

30 ноя 2017

Молодежь не приемлет насилие против женщин!

Вторая часть молодежной конференции «Молодежь за добрососедство и сотрудничество» (29 ноября 2017, г.Гулистон, Учебный центр НБТ) была посвящена акции «16 дней активизма против насилия в отношении женщин и девушек».

Минтақаҳои фаъолият