29 авг 2011

Мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо» мизҳои мудаввар гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо дар шаш ҷомеаҳои мақсадноки ноҳияи Б. Ғафуров ва Ашт барпо гардиданд.  Иштирокчиёни мизҳои мудаввар намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ, мақомоти қудратӣ, раисони ҷомеаҳои маҳаллӣ, пешвоёни динӣ, ташкилотӣои ҷамъиятӣ, сарварони мактабҳо, муаллимон, инчунин аъзоёни Гурӯҳҳои ҷавонони мақсаднок буданд.

Мақсади вохӯрӣ: вуруди гурӯҳҳои ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа тавассути ба роҳ мондани гуфтугӯ бо мақомотҳои давлатӣ ва сохторҳо, мақомотҳои маҳаллӣ, намояндагони шӯъбаҳои маориф, инчунин пешвоёни динӣ оиди пешгирии радикализм байни ҷавонон.

Дар рафти ин мизи мудаввар филми Сигита Бармата «Усама» намоиш дода шуд, ки он соли 2003 дар Афғонистон ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур ба муборизаи занон барои ҳуқуқҳои оддиашон бар зидди толибон бахшида шудааст. Иштирокчиён масъалаҳои асосии пешгирии радикализм ва ифротгароӣ байни ҷавонон ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаро муҳокима карданд.  

 

Ғайр аз ин, иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳодоти худро мувофиқа кардан два онҳо аз ҷониби намояндагони маҷомотҳои маҳаллӣ ба инобат гирифта шуданд.

Алалхусус чунин таклифот пешниҳод карда шуданд:

- ба рушди соҳаи варзиш бештар диққат ҷалб карда шавад;

- маҳфилҳои хониш ташкил карда шавад;

- барои духтарон маҳфилҳои дӯзандагӣ ташкил карда шаванд;

- барои ҷавононкурсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шаванд;

- барои хонандагони мактабҳои ҷамоати Қамишқӯрғон дар вақти соатҳои тарбиявӣ мини-семинарҳо гузаронида шаванд.

Ҳабарҳои дигар

24 фев 2021

Омузиш барои менторон (ТоТ)

Имруз, санаи 24-уми феврали соли 2021 дар Маркази тахсилоти иловагии вилояти Сугд омузиш барои менторон (ТоТ) баргузор гардид.

30 ноя 2021

Форум «МОЙ ВЫБОР»

29 ноября 2021 года в Учебном центре Национального банка Таджикистана города Гулистон Согдийской области прошел Региональный Молодежный Форум «МОЙ ВЫБОР», при участии представителей Центров дополнительного образования Согдийской области, детей и молодежи, а также представителей местных общественных организаций и бизнес структур.

Минтақаҳои фаъолият