24 янв 2015

Клуби Хурсад

Таҳсили шаҳрвандӣ берун аз марз

Хурсад: Дигар занҳоро даъват мекунам, то бархезанд

Клуби Хурсад, ки сарвараш Малумби Мирзоазозова ҳастанд, соли 2013 таъсис ёфта, дар айни замон 15 аъзо дорад. Сарвар ва ҷонишинаш Тоҷинисо Ҳалимова оиди пешравиҳои худ нақл мекунанд: ба туфайли кӯшиши онҳо дар ҷамоат маркази тиббӣ ташкил шуд.

Онҳо дар назди худ мақсад гузоштанд, ки ҳалли масъалаи норасогии хизматрасонии тиббиро меёбанд ва дигар шаҳрвандону намояндагони мақомотҳои маҳаллиро ба ёфтани ягон чора даъват карданд. Ҷамоат барои ба тартиб даровардани бинои масчиди кӯҳна иҷозат дод ва қитъаи замин барои сохтани бинои нав ҷудо кард. Сокинони ҷамоат худашон маблағ ҷамъ кардаванд, худи мардон бинои маркази тиббиро сохтанд. Сокинони ҷамоат бо навбат ба мардони биносоз хӯрок тайёр мекарданд. Онҳо ба мақсади худ расиданд! Маркази тиббӣ, ки дар он вазифаҳоро дастёри духтур (фелдшер) ва ҳамшираи шафқат аз беморхонаи наздиктарин иҷро мекунанд, фаъолият мебаранд. Марказро ҳоло таҷҳизонидан лозим ва бояд ҳоҷатхона сохта шавад, вале маълум буд, ки дар ҷамоат дигаргуниҳои назаррас буданд. Тоҷинисо, ҷонишини сарвари Клуб мегӯяд: «Мо корҳои ташвиқотиро мебарем, мо дигар занҳоро даъват мекунем, то бархезанд ва якҷоя ягон корро буд кунанд».

Дар соли ҷорӣ лоиҳаи мо чунин масъалаҳои маҳдудро ба туфайли гузаронидани машварат ҳал намуд. Аз ҳама асоситарин ин машваратҳои тиббӣ ва имконияти бе пул гирифтани тавсияҳои духтур буд. Инчунин иштирокчиёни машварат ба машварати ҳуқуқшинос оиди масъалаи ба ҷамоат омадани шахсоне, ки худро коркунони нозироти андоз муаррифӣ карда, беасос пардохти андозро талаб мекунанд, баланд баҳогузорӣ карданд. Мушовир фаҳмонд, ки андоз дар як сол як маротиба супорида мешавад ва ҳангоми ташрифи ногаҳонӣ бояд ҳуҷҷат оиди тасдиқи вазифаи шахси ташрифкарда, талаб карда шавад.

Лоиҳа имконияти мубодилаи таҷрибаи корӣ байни Клуби Хурсад ва Клубҳо аз шимоли Тоҷикистонро дод. Соли гузашта Малумби ва Тоҷинисо ба вилояти Суғд рафта буданд. Соли 2014 Манзура низ ба вилояти Суғд рафта буд. Алакай ҳангоми ташрифи соли гузашта, онҳо ба дӯзандагӣ машғул шуданд. Мисоли беҳтарин барои онҳо клуби Қундуз Момо буд. Инчунин фаъолияти фабрикаи қаннодӣ ва хушкмева низ ҳавасангез буд.

Дар курси 10 рӯзаи дӯзандагӣ Тоҷинисо, ки каме бошад ҳам, таҷрибаи дӯзандагӣ дошт, вале ягон маротиба бо мошинаҳои дарздӯзии барқӣ кор накарда буд, иштирок кард. Дертар, дар чаҳорчӯбаи курси 5 рӯза, Тоҷинисо дӯзандагиро ба 7 нафар омӯзонд. Онҳо либосҳои миллии занона, шимҳо, хилъатҳо медӯхтанд. Либосҳои дар рафта дарс дӯхтаашонро байни оилаҳои камбизоату тақсим карданд. Анакнун, Тоҷинисо ба 6 нафар занҳо бофтанро ёд медиҳад. Аъзоёни клуб мегӯянд, ки ба туфайли дӯзандагӣ онҳо фонди Клубро зиёд карданд. Барои ҳамин онҳо малакаи худро зиёд кардан мехостанд. Онҳо дар Маркази рушди фикри кушодани курсро ихтисос доранд: ин маблағгузории ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, чунки маблағи чунин курс дар ду моҳ 200 долларро ташкил медиҳад.

Гов бо номи Мартина

Дар ҷамоат ва инчунин дар курс занҳои шароиташон вазнин хеле зиёд ҳастанд. Аз ин сабаб, соли гузашта, Клуб барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ба хулосаи харидани гов омад. Имсол низ, боз занҳо гов хариданд (гов ном надорад) ва говро Навраста Сайдалиева нигоҳубин мекунад. Бо ҳамроҳии аъзоёни клуб мо барои шиносоӣ бо гове, ки имсол дар чаҳорчӯбаи лоиҳа харида шуда буд, рафта истодаем.

Говро бо номи «Мартина», ки соли гузашта харида шуда буд, Манзура Шамсилеева нигоҳубин мекард. Пештар Малумби онро нигоҳубин мекард, гов ҳамон вақт гусоладор шуд, ки гусола бо Малумби монд, аммо гусола худро бад ҳис мекард ва баъди чор маротиба аз ташхиси бойдор гузаронидан, маълум шуд, ки гусоларо куштан лозим аст.

Ҳоло аъзоёни гурӯҳ хушҳол ҳастанд, ки ба наздикӣ гови нав гусоладор мешавад.

Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

Ҳабарҳои дигар

25 янв 2017

Семинар дар мавзӯи “Асосҳои рӯзноманигорӣ”

Мақсади чорабинии мазкур – ин фароҳам овардани шароити мувофиқ барои худшиносии иҷтимоию эҷодӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдаконе, ки дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд.

Минтақаҳои фаъолият