24 янв 2015

Клуби Ахтарон

Ситора Абдураҳмонова: Ҳуқуқҳои занон – ҳамчун роҳбар, бояд инро донист!

Клуби Ахтарон соли 2013 таъсис ёфтааст, Ситора Абдураҳмонова роҳбари ин Клуб мебошад. Лидер оиди саршавии Клуб чунин мегӯяд: «Дар аввал, дар соли 2013 ман фикр мекардам, ки ин мушкил аст - ман чӣ тавр занҳоро ҷамъ мекунам? Хона ба хона давр зада ба онҳо чӣ хел будани корро мефаҳмонам? Дар ҳақиқат ҳам ман маҷбур шудам, ба назди ҳар як зан 2-3 маротибагӣ равам ва мақсади корамонро фаҳмонам.  Баъдан, онҳо мақсадамонро фаҳмиданад ва ба Клуб дохил шуданро оғоз карданд.  Ба мо семинари 3 рӯзаи «Сарварӣ» ёрӣ расонд, мо чӣ тавр кор кардан ва нақши сарварӣ аз чӣ иборат буданашро, фаҳмидем. Инчунин ба мо гуфтугӯ бо намояндагони Клуби занҳои вилояти Суғд, ки ба ҷамъомадӣ натиҷавии самарабахши лоиҳаи соли гузашта омада буданд, хеле кӯмак расонид. Мо чунин таҷриба надоштем, онҳо ба мо бисёр чизҳоро нишон доданд. Соли гузашта манн худам ба вилояти Суғд рафта будам ва тарзи ҳуҷҷатбарӣ, чӣ тавр ҳамаро ҷамъ кардан, чӣ тавр корҳоро ташкил карданро омӯхтам. Ҳозир мо ҳуҷҷатҳоро ба тарзи дар вилояти Суғд ёд гирифта мебарем.»

Ситора мегӯяд, ки барои онҳо семинари «Ташкили кори Клуб», ки дар охири соли 2013 гузаронида шуда буд,  муҳим аст.  Занҳо ҳуқуқҳои худро фаҳмиданд, донистанд, ки ба кадом муассисаҳо дар вақти бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат карда метавонанд.  Барои Ситора ин хеле муҳим буд, чунки духтараш аз шавҳараш ҷудо шуда, масъалаи тақсими амвол ва супоридани алимент ба миён омада буд. Акнун онҳо чӣ тавр ҳал кардани масъаларо медонанд, медонанд, ки дар ҳолати даъват ба ҷамоат чӣ кор кунанд. «Ҳуқуқҳои занон – ҳамчун роҳбар, бояд инро донист!» мегӯяд Ситора.

Ҳамин сол аъзоён аз курсҳои дузандагӣ дӯхтанро омӯхтанд. Дар курсҳои даҳрӯзаи Қӯрғон-тепа Аламвӣ Мирзоева ва Баргигул Абрадова иштирок карданд. Онҳо дӯхтани курта, ороиши дастурхонҳо, дӯхтани шиму юбкаҳоро омӯтанд, кор бо техникаҳои гулдӯзии ҳозиразамони компютериро ёд гирифтанд. Корҳои ёд гирифтаашонро онҳо дар чаҳорчӯбаи курси панҷрӯза ба 7 нафар занҳои Клуб омӯзониданд, алалхусус дӯхтани куртаҳои миллиро. Баъди соли гузашта ба вилояти Суғд рафтанашон, ба онҳо компютерҳои гулдӯзӣ хеле писанд омаданд ва онҳо мехостанд чунин мошинҳоро харанд. Онҳо ҳисоб карданд, ки дар як сол фақат 8 моҳ метавонанд ин компютерҳоро истифода баранд, чунки қувваи барқи изофагӣ надоштанд. То кунун, онҳо аз ҳисоби лоиҳа онҳо мошинаҳои дӯзандагии оддӣ хариданд.

Талабот ба дӯзанда дар минтақа хеле калон буд. Барои он, ки ба духтаронашон занҳо ҷиҳоз ҷамъ мекарданд. Аз он ҷо онҳо либосҳои миллӣ медӯхтанд (курта бо лозимиаш). Аз матоъҳои монда онҳо як намуд дастурхони миллӣ, ки аз матоъҳои монда дӯхта мешуд ва он низ ба ҷиҳози духтарон дохил мешуд, медӯхтанд.

Клуб Фонди худро дошт, ки ба аъзоёни худаш бо фоизи паст қарз медод. Имрӯз маблағи Фонд ба 890 сомонӣ расидааст. Занҳо ба маблағи 1 сомонӣ дар як моҳ ҳаққи аъзогӣ месупоранд. Чӣ тавре, ки занҳо курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагиро хондаанд, мегӯянд, ки ҳозир на дар замин кор мекунанду, на кори хона, танҳо дӯзандагӣ мекунанд.  Оилаи онҳо хурсанд аст, ки занҳо пул кор мекунанд. Корҳои яке аз занони деҳаро хоҳараш дар деҳаи дигар нишон медиҳад ва онҳо ба хоҳараш таъин мекунанд.

Мастона Тӯйчиева мегӯяд: Ман аз фаъолияти Клуб қаноатмандам, мо якдигарро хуб мефаҳмем. Дар аввал манн дӯхтанро ёд гирифтам. Ман касб ва маблағ дорам. Ман аз шавҳарам барои дар Клуб иштирок кардан, барои кор кардани маблағ ва харидани лавозимоти худам, иҷозат гирифтам,

«Шавҳари ӯ хеле хурсанд аст. Чунки пештар ӯ чизе намегуфт, ҳозир бошад бо вай гап мезанад». Хандакунон мегӯянд аъзоёни Клуб.

Имсол боз кадом навигариҳо буданд? Аввалан, омадани мушовирон аз вилояти Суғд, ки ороиш додан дастурхонҳо омӯзониданд ва чӣ хел меваҳоро хушк мекунанд, нишон доданд. Дар навбати худ ба мушовирон тарзи ороиши Ахтарон писанд омад ва онҳо қисми маҳсулотро хариданд, баъзе қисмашро ҳамчун тӯҳфа гирифтанд. Дуюмин, ҳамин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа Клуб дар ҳавлии Ситора машварат бо иштироки ҳуқуқшинос, мушовири корчаллонӣ ва духтури амрози занона ташкил намуд. Дар он машварат тақрибан 25 нафар иштирок карданд, аз он ҷумла, намояндаи маҳалла ва муаллимаи мактаб. Бисёри занҳо аз маслиҳати духтур истифода бурда, хурсанд шуданд, ки маслиҳати бепул гирифтанд. Дигарон бошанд, аз ҳуқуқшинос ва мушофири корчаллонӣ маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

 Бо ин гов чӣ шуд?

В прошлом году Клуб купил корову, которой зовут Лола. К сожалению, спустя 2 года, корова всё таки не забеременела. Поэтому Клуб решил, что он отвезёт её на рынок и продаст за 2000 сомони. За эти деньги он купил телёнка и тёлку, похожу на Лолу. Телёнок пошёл к заместительнице лидера (к сожалению, он болел, итак после консультации с ветеринаром, женщины решили, что телёнка надо зарезать – от этого они получили 6 килограммов мяса, в ом числе, 1 килограмм отдали убогим семьям). Зато тёлка приняла имя Роза и живёт у лидера Клуба. Роза растёт и чувствует себя хорошо – впрочем, оцените сами!

 Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

 

 

Ҳабарҳои дигар

12 окт 2021

Команда «Навовар»

В Бобочон Гафуровском районе команда «Навовар», состоявшиеся из двух девочек: Азимова Махбуба 15 лет, и Валиева Мухлиса-17 лет из джамоата Исфисор разработали средство гигиены - жидкое мыло.

11 май 2014

Сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ

Аз 4 то 10 майи 2014 сол гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ» (EcoDev), ки дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ – Иневест III» маблағгузорӣ шудааст, барои истеҳсолгарони маҳаллӣ ва КХМ, намояндагони Вазоратҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият