14 окт 2012

Таърих

Ақидаи маъруфе мавҷуд аст, ки таърихи инсоният ин таърихи ҷангҳост. Таърихи халқҳои Тоҷикистон аз ин қоида истисно нест. Табиист, ки ҷангҳо, ҳамчунин эпидемияҳои гуногун, фалокатҳои табиӣ, табаддулоти иҷтимоӣ ма-соили сершумори иҷтимоиро ба бор меоранд, ки халқ ҳамеша ба ҳал кардани онҳо ба ин ё он роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба назар чунин мерасад, ки ҷамъияти инсонӣ маҳз як хосияти фарқкунанда дорад: ҷустуҷӯи доимии баро-мад аз вазъиятҳо мураккабтарин тавассути сафарбар кардани иқтидору тавоно-ии ҳамаи табақаҳои ҷамъият.

Дар солҳои охири даврони шӯравӣ ба сабаби кам шудани имкониятҳои дав-лат дар ҳалли масоили иҷтимоӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ имкон дода мешуд, ки хоҷагиҳои ёрирасон таъсис диҳанд ва аз ҳисоби даромади онҳо як қисми хароҷоти талаботи худро рӯпӯш намоянд. Ин иқдомро то ҷое роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шуморидан мумкин аст.

Ба замони мо поён рафтани имкониятҳои давлат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ хос аст. Вале дар даврони мо имкониятҳои нав низ пешниҳод мегар-данд: одамони сарватманд, ташкилот ва муассисаҳои шакли моликияташон гу-ногун арзи ҳастӣ кардаанд, ки донорҳои лоиҳаҳои иҷтимоӣ буда метавонанд.

Ба масъалаҳои ҷамъиятии сатҳи маҳалла (тарҷумаи таҳтуллафзии вожаи маҳалла – квартал аст, ба маънои маҷозӣ бошад он ҷомеа ё ҷамъиятро мефаҳмонад) дар навбати аввал кумитаҳои маҳалла (КМ) машғул мешаванд. Дар ҳалли масоили мухталифи ҷомеа иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида, муассисаю ташкилотҳои гуногун саҳми муайян мегузоранд. Бисёр ташкилотҳои байналхалқӣ низ дар ҳалли масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла камбизоатӣ саҳм мегузоранд ва тавассути сармоягузории иҷтимоӣ фаъолияти муфиди пешниҳод кардани грантҳо ба иттиҳодияҳои иҷтимоӣ дар маҳалҳо му-соидат мекунанд. Таҷрибаи кори АЗИТ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои дастгирии ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳо нишон дод, ки роҳи аз ҳама сама-рабахши мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷомеа ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва мусоидат ба таҳкими потенсиали (тавоноии) онҳо аст. Дар ин бо-ра ҳамчунин натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2004 гузаронидаи АЗИТ («Нақш ва мақоми ниҳодҳои (институтҳои) иҷтимоӣ дар раванди инкишофи ҷомеаҳои деҳот») шаҳодат медиҳанд. Ҷанбаи ҷолиби диққати ҳамкорӣ бо КМ дар он аст, ки КМ чун мақоми худидораи ҷамъиятии ҳудудӣ (территориявӣ) ҳаҷми хеле калони кори фоиданоки ҷамъиятиро дар асоси ҷамъиятӣ - волонтёрӣ ба субут мерасонад. Сабаби босуботию пойдории фаъолияти КМ, яқинан, дар он аст, ки КМ дар навбати аввал барои Тоҷикистон мақоми анъанавии худидории ҷамъиятии ҳудудӣ мебошад ва таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Кумитаи маҳалла аз ҷумлаи аъзои мӯътабару мӯҳтарам ва сазовори аҳли тамоми маҳалла интихоб мегардад ва аз ҷониби ҳам аҳолӣ ва ҳам сохтори ҳукумат дастгирӣ (ақаллан дастгирии маънавӣ, ва дар баъзе ҷойҳо моддӣ низ) меёбад. Он ба аҳли маҳалла таъсиру нуфузи бевоситаю пойдор дорад. Аҳли маҳалла, ва дар навбати аввал, камбағалон бо ин ё он масъала маҳз ба кумита муроҷиат ме-кунанд. Бо вуҷуди надоштани сармоягузории кафолатнок аз ҷониби давлат ё бизнес-сектор КМ ба вазъиятҳои проблемавию муҳим нисбатан самарабахш таъсир мерасонад ва ба ҳалли онҳо ё нармтар сохтани онҳо мусоидат мекунад.

Вақтҳои охир ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла байналхалқӣ ба КМ диққати бештар медиҳанд, зеро дар симои он шарики боэътимодро оид ба таҳкими ҷамъияти шаҳрвандӣ, ҷорӣ намудани принсипи иштирок, филантро-пия ва фаъолнокии иҷтимоӣ мебинанд. Вале имкониятҳои кумитаи маҳалла бо имкониятҳои моддии он маҳдуд карда мешавад. КМ, де факто, ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад ва аз буҷаи давлат маблағгузорӣ намешавад. Бинобар ин он маҷбур аст, барои пеш бурдани фаъолияташ манбаъҳои молиявӣ ҷустуҷӯ ку-над. Айни замон он ТҶ нест ва дар озмунҳои грантӣ ширкат намеварзад.

Агар ба манзараи дар боло тавсифгардида бо диққат назар афканем, ду лаҳза намоён мегардад: аз як тараф, ниҳоди (институти) ҷамъияти шаҳрвандии анъанавии ояндадор аз лиҳози имконияти он дар таҳкими ҷамъияти шаҳрвандӣ, яъне КМ вуҷуд дорад, ки аз ҷиҳати молиявӣ хеле заиф аст. Аз тара-фи дигар, имконияти таҳкими он тавассути ба он пешниҳод намудани имко-нияти кор кардани пул бо роҳи дар ҷомеа ташкил кардани корхонаҳои хурд ва микрокорхонаҳо оид ба истеҳсол ё коркарди ашёи маҳаллӣ, хизматрасонӣ, сав-до, ҳунармандӣ, хулоса ҳа¬маи он чизе, ки Қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи ит¬ти¬ҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи фаъолияти хай-рия» иҷозат додаанд, вуҷуд до¬рад. Бар замми ин, Қонуни ҶТ «Дар бораи худи-доракунии маҳаллӣ ва хоҷагии ма¬ҳал¬лӣ» (моддаи 6) ба кумитаҳои маҳалла иҷозат додааст, ки симоҳои ҳуқуқӣ гарданд, ва, мутаносибан, фаъолияти коми-лёри иҷтимоию иқтисодиро гузаронанд.

Амалӣ гардонидани ин ният имконияти тағйир додани менталитети соки-нони ҷомеа ва умуман ҷамъиятро дар самти фаҳмиши хубтару инкишофи фи-лантропия, масъулиятнокии шаҳрвандӣ ва шарикии иҷтимоӣ пешбинӣ меку-над. Ин мактаби ба худ хосе мегардад, ки дар он аҳли ҷомеа дар раванди татбиқи лоиҳаҳои бизнеси иҷтимоӣ гуманизму филантропияро меомӯзанд ва бо принсипҳои иштирок ошно мегарданд, ва албатта, донишу тасаввуроти андӯхтаашонро паҳн мекунанд.

Пешбинӣ мегардад, ки кумитаҳои маҳалла баъди ба даст овардани манбаи доимии маблағ метавонанд проблемаҳои ҷомеаҳои худро нисбатан самарабах-штар ҳал кунанд фаъолияташонро бо дигар кумитаҳои маҳаллаҳо мутобиқ гар-донида, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, вазифаҳои сатҳи нисбатан болоро дар муқоиса бо проблемаҳои ҷомеа ҳал кунанд. КМ ба мулти-пликатсияи уфуқии таҷрибаи худ имкон пайдо мекунад.

Вале, вусъат додани чунин фаъолият бидуни кадрҳои босалоҳият, ки маълу-моти базавии шаҳрвандӣ, ҷаҳоншинохти устувори филантропӣ ва иҷтимоию гуманистӣ доранд, имконпазир аст. Барои аз ҳисоби аъзои КМ омода сохтани чунин кадрҳо АЗИТ бояд кори калонмиқёси тайёрию маорифиро амалӣ гардо-над.

Ҳамин тариқ, АЗИТ ҷидду ҷаҳди худро ба рушди потенсиали кумитаҳои маҳалла бо роҳҳои зерин равона мекунад:

- ёрӣ дар инкишофи ташкилию ниҳодӣ (институтсионалӣ) – пешниҳод кардани маълумоти тренингӣ, дастгирии машваратӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар самти ба расмиятдарории (формализатсияи) фаъолияти КМ;

- таҳкими потенсиали моддию молиявӣ тавассути мусоидат ба ташкил ва тараққии объектҳои бизнеси иҷтимоӣ;

- тағйир додани менталитети аъзои КМ, ва ба воситаи онҳо менталитети аҳли ҷомеа ва умуман ҷамъият ба тарафи филантропия ва башардӯстии иҷтимоӣ.

Ин кор ҳамчунин имконият медиҳад робитаи АЗИТ бо мақомоти намоянда-гию иҷроияи ҳукумат дар маҳалҳо мустаҳкам карда шавад.

Стратегияи мазкури кор оид ба инкишофи потенсиали КМ корро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ мустасно намесозад. Таҷрибаи кори АЗИТ ншон медиҳад, ки ноил гардидан ба тағйироти назарраси сохторӣ дар вазъияти қашшоқон танҳо бо иштироки фаъолонаи ҳатталимкон теъдоди бештари ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо ин масъала машғуланд, имконпазир аст. Дар иртибот бо ин нукта, АЗИТ низ ҷидду ҷаҳди худро ба таҳким ва инкишофи минбаъдаи сектори ташкилотҳои ғайриҳукуматии ғайритиҷоратӣ равона месо-зад. Барномаи Рушди Ҷамъияти Шаҳрвандӣ имкон дод, ки дар тақвияи потен-сиали ташкилии бештар аз 20 ташкилоти ғайриҳукуматии маҳаллӣ саҳми ар-занда гузошта шавад. Ҳамчунин спектори ғании модулҳои таълимӣ ва дастурҳо оид ба самтҳои мухталифи инкишофи ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар ҶТ ба вуҷуд оварда шуд.

Ҳабарҳои дигар

1 дек 2018

Натиҷаи озмуни расмкашӣ

Дар доираи аксияи глобалии «16 рузи зидди зӯроварӣ нисбати занон», ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илимӣ-техникии Тоҷикистон» (ТҶ "АЗИТ") аз 01 ноябр то 01 декабри соли 2018 озмуни расми беҳтаринро эълон намуда буд.

Минтақаҳои фаъолият