16 дек 2015

Таърихи клуби занони «Истиқлол»

Тағйироте, ки дар деҳаи Комсомол ба вуҷуд омаданд, ки клуби занони «Истиқлол» фаъолият мебарад, аз ҳадди интизориҳои мо гузашт. Истеҳсолот дар клуб тағйир ёфт ва занон бо иштирок намудан дар семинарҳо тағйир ёфтанд.

Аъзоёни клуб аз рӯи намунаи либосҳои маҷаллаи Бурда истифода бурданро оғоз карданд. Бар замми ин дӯхтани юбка, камзӯлча, пиҷакро оғоз карданд. Дилрабо Раҳматбоева – мушовири барнома тарзи осони дӯхтани занҷираки либосро нишон дода, маслиҳатҳои амалии муфид дод. Ғайр аз ин ҳангоми сар шудани фасли тобистон занон костюмҳои занона ва мардонаро оғоз намуданд. Дар Тоҷикистон технология идӯхти Карама мавҷуд аст. Акнун занон ҷилди болишт, кӯрпача ва шаклҳои гуногуни геометрӣ барои ашёҳои гуногун медӯзанд.

Занҳо то ҳол элемнтҳои либоси арӯсон ва ороишотро ба монанди тоқӣ ва сарпӯшҳои гуногуни миллиро медӯзанд.

Соли ҷорӣ қарор карда шуд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Соҳибкорӣ дар амал» ба занон гарнтҳо ҷудо карда шавад. Аъзоёни клуби Истиқлол қарор доданд, ки боз 260 сомони (тақрибан 35$) зам намуда, гӯсола харидорӣ намоянд, бо ҳамин минвол се оила соҳиби чорвои шохдори хурд шуданд. Яке аз гӯсола ба Барфимо Раҳимова, дуюмаш ба Баҳоргул Тӯйчиева бо ном «ҳофиз» (доимо маос мезанад) ва сеюмаш ба Раҷаббӣ Қайюмова дода шуд. Чорвои калони шохдор, ки соли аввали фаъолияти клуб харидорӣ карда шуд, ба пешвои клуб Саидмлнисо дода шуд. Ин чорво шир намедод ва аъзоён қарор карданд, ки онро фурӯшанд. Моҳи ноябр чорвои калони шохдори нав соҳиби гӯсола гардид. Занон қарор карданд, ки рамаро калон гардонанд, зеро дар оянда онҳо мехостанд, ки сехи қаннодии хурдро ташкил кунанд. Ин ғоя ҳангоми оғози кори клуб соли 2013 сар зада буд. Он вақт дар деҳа сехи қанноди мпавҷуд набуд ва барои харидорӣ намудани шириниҳо сокинон бояд ба Қӯрғонтеппа, 20км берун аз деҳа бароянд. 

Барфимо ҳисобу китоби клуби занони Истиқлолро мебарад ва дар ҳамҷоягӣ бо пешво дар омодасозии «Ҳисоби муҳосибӣ ва андозбандии фаъолияти хоҷагӣ дар Тоҷикистон» ва «Маданияти бурдани кори тиҷоратӣ ва мувофиқ омадани фаъолияти бахши ҳамкорӣ», ки дар раванди фаъолияташ кӯмак мерасонад. Пас аз ҳисобу китоби ҳамаи даромаду баромадҳо, муайян гардид, ки хазинаи клуб нисбат ба оғози сол ду маротиба зиёд гардид – камтар аз 650 сомонӣ, акнун он 1350 сомониро (зиёда аз 200$) ташкил медиҳад.

Агар клуб бо чунин суръат рушд ёбад, ташкил намудани сехи қаннодӣ дар деҳаи Комсомол аз интизории онҳо ҳам зудтар ба вуқӯъ мепайвандад.

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

26 окт 2021

Милиция на страже безопасности

"Сексуально-гендерное насилие", "домашнее насилие", "насилие в отношении женщин и девочек" - подобные термины всё чаще можно услышать с высоких международных трибун, а в кругу простых обыватей рассказывают об очередном насилии над беззащитной девочкой или о попытке суицида молодой мамы, не выдержавшей очередных побоев от своего мужа.

10 май 2017

Сафари омӯзишӣ ба коргоҳи қолинбофии шаҳри Хуҷанд

10 майи соли равон барои иштирокчиёни ГТҶ ва дигар сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва иштирокчиён аз Қирғизистон, ки мехостанд бо технологияи ҳунари қолинбофии дастӣ аз наздик шинос шаванд, сафари омӯзишӣ ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият