16 дек 2015

Таърихи клуби занонаи Дугонаҳо

Мартина Квиатковская, ҳамоҳангсози лоиҳаи FED

Клуби занони «Дугонаҳо», ки даҳ нафар аъзоён дорад дар деҳаи Меҳнатобод фаъолият мебарад. Роҳбари Клуб Олуфта ном дорад. Бонувон пеш аз ҳама бо кори зиндагӣ машғуланд. Бисёрии онҳо ороишоти зебо барои куртаҳои анъанавӣ ки барои гурӯҳ зарур мебошад, дӯхта метавонад.  Яке занони  фаъол Ҷумъагул Ҷаҳонова низ ҷилди болиштҳо медӯзад. Парвина Нозимова пеш аз аъзо шудан ба клуб дар курси такмили ихтисос  таҳсил гирифта буд. Вай метавонад  халатҳои тиббӣ, либосҳои махсус ва либосҳо бо усули Аврупои дӯзад. Аксарияти аъзоён малакаҳоро дар курсҳҳое, ки дар клуб гузаронида мешавад ед мегиранд.  Клуб чанд моҳ пеш истифодабарандагони бештар дошт. Баъзеи  онҳо аз бисёр будани кори хона маҷбур шуданд аз клуб раванд. Аъзоён ба вохуриҳои мунтазам кӯшиш  мекунанд, аммо барои он ки дар зимистон шароити мусоид барояшон нест, занон мошинҳои дӯзандагиро ба хона бурданд. Аз моҳи апрел  занон якчоя кор карданро оғоз карданд. Мисли соли гузашта, Парвина бо Маҳбуба Каримова  барои занон курсҳои  бурридану дӯхтани семоҳа ташкил мекунанд. Дар курс метавонад аз 4 то 10 духтар иштирок кунанд ва арзиши як шахс бошад 50 сомонӣ дар як моҳ (тақрибан 8 $-и Амрикоӣ) ки аз он 20 сомонӣ ба хазинаи  клуб гузаронида мешавад. Вале манбаи муҳими даромад аз фурӯши либосҳои духташуда ва ҷилди болиштҳо бо гулдузӣ мебошад.  Ин вазифа ба Орзувӣ Раҳмонова, ки молҳоро дар байни тоҷирон дар бозори наздиктарини шаҳри Қурғонтеппа тақсим мекунад, супорида шудааст. Олуфта- раиси клуб қайд менамояд, ки ба шарофати семинарҳо барои баланд бардоштани дониши худ дар бораи чӣ тавр дуруст тайёр кардани ҳисоботи молиявӣ доир ба фаъолияти клуб баланд бардошт. Бизнес-нақша барои соли 2015 низ тартиб дода шуд.  Таҷрибаи клубҳои дигарро омӯхта занон қарор карданд, ки гов харанд. Аз ҳамаи дастоварди бузурге, ки то ҳол ба даст оварданд барои аъзоёни маҳфил муҳим аст, ин клуби бақайдгирии патент аст. Бонувон ҳатто қадамҳои нахустинро дар ин самт гузоштанд ва бо номояндагони ҳукумати маҳалии ноҳияи  Бохтар барои кӯмак ба анҷом додани расмиёт вобаста ба гирифтани патент ба шӯъбаи бақайдгирӣ тамос гирифтанд.

Аксбардор: Мартына Квиатковска

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

15 фев 2021

Тренинга по "Правовым аспектам деятельности общественных организаций"

Сегодня в рамках проекта "Продвижение качественного и инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни" проходит первый день тренинга по "Правовым аспектам деятельности общественных организаций" в Учебном центре Национального банка Таджикистн, г. Гулистон. На тренинге принимают участие все члены Инициативной группы по продвижению образования для всех на протяжении всей жизни в Таджикистане. Первый день тренинга прошёл очень интересно: были лекции, практические занятия, работа в малых группах и презентации со стороны участников. Мероприятие проводится общественной организацией «Ассоциация научно-технической интеллигенции», при финансовой поддержке программы Education Out Loud.

13 апр 2017

Плов дружбы

11 апреля текущего года в рамках проекта «Укрепление сотрудничества между молодежью приграничных сообществ Таджикистана и Кыргызстана» в джамоате Лаккон города Исфары произошло такое яркое и значимое событие, как мастер-класс по приготовлению плова.

Минтақаҳои фаъолият