13 окт 2017

Сокинони ҷавони ҳамсоякишварҳо ҳунари карвингро омӯхтанд

Дирӯз  гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Хоҷаи Аъло (Тоҷикистон) бо ширкати ҳамсолони худ аз деҳаҳои Ортобоз, Оқ-Татир ва Таш-Тумшуқ (Қирғизистон) дастагули дӯстӣ аз сабзавоту меваҷот омода намуданд.
Дар Кохи фарҳанги деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак мастер-класс оид ба карвинг (ороиши меваҷоту сабзавот) баргузор гардид.  Ҳанӯз пештар, гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳа бо як овоз баргузории карвингро хоҳиш карда буданд.  Аз рӯи нақли иштирокчиён маълум шуд: онҳо кайҳост дар андешаи  омӯхтани маҳорати ороиши маҳсулот буданд.  
-Ин бесабаб нест,-мегӯяд ороишгар Наим Оғлуқов,-зеро имрӯз мардум натанҳо пур кардани дастурхон, балки бо шаклҳои гуногун ва зебо пешниҳод намудани маҳсулот таваҷҷӯҳ доранд.
Сокинони ҷавони кишвари ҳамсоя зикр доштанд, ки ҳунари карвинг дар деҳаи онҳо маъмул нест ва андӯхтани он барояшон шавқовар ва ҷолиб буд.
Мастер-клас оид ба карвинг дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияиҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон доир гардид.  



Ҳабарҳои дигар

1 дек 2018

Диққат озмун!

Дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” ТҶ “АЗИТ” аз 01 ноябр то 01 декабри соли 2018 озмуни расм ва иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Сирри оилаи хушбахт дар чист?», «Мо бар зидди зӯроварии хонаводагӣ» гузаронида мешавад.

12 фев 2019

Семинар дар мавзӯи “Асосҳои муошират”

Санаи 12 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара семинари навбатӣ дар мавзӯи «Асосҳои муошират, равоншиносӣ ва этикаи муносибатҳои оилавӣ» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият