27 окт 2014

Ташаббуси занон – қадам ба комёбӣ!

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» барномаи маблағгузории ташаббуси занон ба охир расид. Ҳар як клуб нақшаи кори тиҷоратии худро омода сохт ва интихоби худро асоснок кард.

Барои ташаббуси занон маблағро аз тамоми Лаҳистон ҷамъ намуданд. Барои занон 22 дона мошинаи дарздӯзии дастӣ, 4 мошинаи оверлок,  6 дона мошинаи дарздӯзии барқии тамғаи «Чайка» ва 1 дона «Ямата» харидорӣ карда шуданд. Инчунин барои клуби «Умед» барои сохтани гармхона маблағҷудо карда шуд. Барои 2 клуби дигар бошад, 2 чорвои калони шохдор харидорӣ карда шуданд.

Маблағи умумии таҷҳизот ва чорвои калони шохдор, ки барои занон харидорӣ ва супорида шуданд 25 000 сомониро ташкил дод.

Дар фаъолияти худ занон муносибати муштаракаро истифода мебаранд ва мошинаҳоро барои дӯхтани либоси миллӣ, ҷилди болишт ва ҷойпӯш, дастурхон, парда истифода мебаранд. Чӣ хеле, ки худи занон қайд мекунанд, пас аз харидорӣ намудани мошинаҳои дарздӯзӣ сифати маҳсулоти оҳо беҳтар гардид ва ба худ намуди бозорӣ гирифт. Донишҳое, ки дар курсҳои дӯзандагию бурандагӣ гирифта буданд, алҳол ба онҳо дар истифодабарии мошина ва бо сифати баланд дӯхтани маҳсулот кӯмак карда истодааст. Ду клубе, ки барои харидани чорвои калони шохдор қарор қабул карда буданд, чунин мешуморанд, ки оилаҳои аъзоёни клуби онҳо ба маҳсулоти ширӣ эҳтиёҷ доранд. Фоизе, ки аз занон гирифта мешаванд, ба Хазинаи клуб захира карда мешаванд ва ин боз як қадам барои устувории клуб мегардад.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

Ҳабарҳои дигар

28 апр 2017

Рӯзи дуюми бизнес тренинг

Имрӯз, дар рӯзи дуюми тренинг оиди “Банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ” иштирокчиён фаъолона ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд. Онҳо намунаи бизнес нақшаҳои пешакиро, ки аз тавсифи фаъолият, муносибати маркетингӣ ва нақшаи истеҳсолӣ иборат буданд, пур намуданд.

15 дек 2020

Первая встреча с Межведомственной рабочей группой

10 декабря 2020 года была проведена первая встреча с Межведомственной рабочей группой, созданной в рамках национальной стратегии Республики Таджикистан по противодействию экстремизму и терроризму на 2016 -2020 годы при Хукумате Б.Гафуровского района.

Минтақаҳои фаъолият