7 дек 2010

Ярмаркаи шаҳрии «Интихоби худро бикун»

Мақомоти иҷроияи ҳукумати ш. Хуҷанд ва ТҶ АЗИТ дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тавассути маориф ва таълими ғайрирасмӣ», ки онро Комиссияи Аврупоӣ сармоягузорӣ мекунад, ярмаркаи шаҳриро дар мавзӯи «Интихоби худро бикун» мегузаронад. Мақсади ярмарка ба хатмкунандагони мактабҳо ва аҳолии калонсоли бекор додани иттилоот дар бораи хизматҳои маорифии муассисаҳои маълумоти касбӣ ва мактабҳои олӣ мебошад. 

Интихоби дурусти касб аз бисёр ҷиҳат тақдири инсонро муайян мекунад. Касбинтихобкунии хатмкунандагони мактабҳо бояд раванди доимӣ гардад ва набояд бо маъракаи анъанавии «Рӯзҳои дарҳои кушода» дар муассисаҳои маълумоти касбӣ маҳдуд гардад. Дар бисёр мактабҳои олӣ моҳҳои сентябр-декабр кабули шунавандагон ба курсҳои тайёрӣ сурат мегирад. Ярмаркаи мазкур ба мактабҳои олӣ имкон медиҳад, ки ба абитуриентҳои ояндаи худ дар бораи шартҳои дохилшавӣ ба курсҳои тайёрӣ ва имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ баъди хатми курсҳои тайёрӣ маълумот диҳанд.

Баробари хаткунандагони мактабҳо бояд ба аҳолии калонсоли бекор низ диққат дода шавад. Мавсими кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия суст мешавад ва одамон дар зимистон ба ватан бармегарданд. Махфӣ нест, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бе тайёрии дахлдори касбӣ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ярмарка иттилоъро дар бораи хизматҳои худ на танҳо ба хатмкунандагони мактабҳо, балки ба одамони калонсол низ пешкаш карда метавонанд. Дар ярмарка калонсолон дар бораи имконияти дар мӯҳлати кӯтоҳ дар курсҳои гуногунмӯҳлат азхуд кардани касб маълумот гирифта метавонанд.

Дар ярмарка муассисаҳои маърифатӣ ҳамчунин стенд/гӯшаҳои иттилоотӣ тайёр мекунанд. Муассисаҳои маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонанд намоиши маҳсули шогирдони худро тайёр кунанд. Стендҳои иштироккунандагони ярмарка вобаста ба категорияи муассисаи маълумоти касбӣ ва мактабҳои олӣ гурӯҳбандӣ мешаванд. Дар байни муассисаҳои категорияҳои дахлдор озмуни «Беҳтарин стенд/гӯша» гузаронида мешавад. Комиссияи махсус натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст мекунад. Ҳангоми ҷамъбаст иттилоънокӣ, формати пешниҳод кардани иттилоъ ва ҷаззобии стенд-гӯша ба эътибор гирифта мешавад. Барои мактабиён ва аҳолии бекор бошад викторинаҳои мухталиф ва возиҳои шавқовар барпо карда мешаванд.

Агар мароқ зоҳир кунед Мо Шуморо 22 декабри соли 2010 дар боғи истироҳату фароғати ба номи Камоли Хуҷандии ш. Хуҷанд интизорем.

Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

Мақомоти иҷ¬роияи хукумати ш. Хуҷанд,

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев 39.

Тел.: +992 (3422)432-51

Шахсони масъул:

Олимов У.С. +992(3422)6-77-90

Ғафуров А. +992 (3422) 4-26-14

ТҶ Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин 85а. Тел.: +992(3422) 6-24-32, 6-45-67

Шахсони масъул:

Фаррух Зохидов +992 92 778 5818

Темурмалик Рахмонов +992 92 777 0461

E-mail: f.zohidov@asti.tj

t.rahmonov@asti.tj

Ҳабарҳои дигар

2 дек 2016

Сафарҳо оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 29 – 30 ноябри 2016 сол ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии молиявии ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ чорабинии байнисарҳадӣ оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

17 июл 2020

Проект: «Поддержка гражданского общества в применении Программы реабилитации на уровне общин (РУО) для людей с инвалидностью в районе Айни»

Донор: Европейский Союз и Каритас, Германия Период реализации: Январь 2018 по настоящее время Географический охват: 8 джамоатов Айнинского района Согдийской области

Минтақаҳои фаъолият