29 июл 2010

Фалсафаи барнома

Алҳол дар Тоҷикистон Стратегияи Миллии Рушд (СМР) дар давраи то соли 2015 ва Стратегияи Паст кардани камбизоатӣ (СПСК) дар солҳои 2007-2009 амалӣ гардонида мешавад, ки бояд барои ба низом даровардани раванди руш-ди мамлакат ба дурнамои дарозмӯҳлат тибқи Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола му-соидат кунад.

Амалигардонии СМР ва СПСК дар роҳи рушди устувори мамлакат ҷузъи муҳим мебошанд. Вале дар ҳоли ҳозир вазъияте ба миён омадааст, ки намоян-дагони ҷамъиятии шаҳрвандӣ, бисёр намояндагони сохторҳои давлатӣ, ва мах-сусан мақомоти худидораи маҳаллӣ ва худи аҳолӣ дар бораи мавҷудияту мӯҳтавои ин ҳуҷҷатҳо иттилои кам доранд. Набудани иттилоънокӣ аз бисёр ҷиҳат раванди амалигардониро суст мекунад ва ба сифати ноил гардидан ба мақсади гузошташуда ва вазифаҳои барномаҳо таъсир мерасонад.

О Фаъолият оид ба муттаҳид сохтани ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои пешбурди иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар мониторинги амалигардонии Стратегияи Паст кардани Сатҳи камбизоатӣ, ки АЗИТ дар давоми ду сол амалӣ мегардо-над, нишон дод, ки қисми зиёди ҷамъияти шаҳрвандӣ ба кори якҷоя, махсусан ба ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омода аст. Аҳамияти ин масъала дар он аст, ки СМР ва СПСК чун ҳуҷҷатҳои ҳидояткунандаи стратегӣ дар ҳалли масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ширкати васеи ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳалли масоили беҳтар намудани ҳаёти аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Вале, сарфи назар аз он, ки ширкати намояндагони ҶШ дар мониторинги татбиқи СПСК дар худи ҳуҷҷат зикр шудааст, механизми аниқи таъминкунандаи иштироки ҶШ чун шарики баробарҳуқуқ дар гузаронидани мониторинги СПСК вуҷуд надорад. Дар асоси хулосаҳое, ки дар рафти иҷрои фаъолияти барномавии шарикони Гурӯҳи Мусоидат бароварда шуд, ошкор гардид, ки базаи мавчудаи меъёрию ҳуқуқии қонунгузории ҶТ, ки иштироки ҶШ –ро дар мониторинги СПСК пешбинӣ мекунад, аз ҷониби «бозигарони» калидии низоми Мониторинг ва Баррасии СПСК ба таври гуногун фаҳмида мешавад. Бинобар ин зарурати гузаронидани Таҳлили хамаҷонибаи касбии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ вуҷуд дорад, ки дар асоси он бояд ҳуҷҷате таҳия гардад, ки барои иштироки ҶШ дар мониторинги барномаҳои миллӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ба вучуд орад. Дар иртибот бо ин нукта, Гурӯҳи Мусоидат гузаронидани таҳлили базаи мавҷудаи меъёрию ҳуқуқиро ба ҳадафи иштироки ТҶШ дар мониторинги барномаҳои миёнамӯҳлати рушд, ки Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва Риояи қонуният таҳия кардааст, таҳрик кард. Дар асоси ин таҳлил мавҷуд будани механизми мушаххаси танзимкунандаи иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар мониторинги барномаҳои рушди мамлакат ошкор гардид. Бино бар ин Гурӯҳи Мусоидат лоиҳаи низомномаи «Дар бораи тартиби иштироки Ташкилотҳои Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар мониторинги барномаҳои миёнамӯҳлати рушд»-ро таҳия кард. Лоиҳаи ин ҳуҷҷат бо ташкилотҳои байналхалқӣ васеъ муҳокима карда шуд ва алҳол ба ВИҶТ барои пешниҳод ба баррасии Ҳукумати ҶТ ирсол шудааст.

Баробари ба вуҷуд овардани асоси ҳуқуқӣ барои гузаронидани мониторинги СПСК Гурӯҳи Мусоидат ба ҷустуҷӯи ҷою мақоми худ дар низоми Мониторинг ва Баррасии барномаҳои миллии рушд машғул гардид. Барои ин дар давоми соли 2008 секторҳои афзалиятнок барои мониторинг, аз ҷумла «Рушди низоми маориф ва илм», «Рушди низоми нигоҳдории тандурустӣ», «Таъмини бароба-рии гендерӣ», «Таъмини устувории экологӣ» муайян карда шуданд. Барои гу-заронидани мониторинги ҷамъиятӣ дар ин секторҳо муносибатҳо муайян кар-да шуданд ва олоте таҳия гардиданд, ки ҳини гузаронидани ҷамъоварии маълумот барои муайян намудани сифати рафти татбиқи СПСК мавриди ис-тифода қарор гирифтанд. Ҳисоботи таҳлилиро оид ба натиҷаҳои мониторинги пилотии ҷамъиятии татбиқи як катор тадбирҳои СПСК, ки Гурӯҳи Мусоидат ба татбиқ ва мониторинги СПСК гузаронидааст, дар ин ҷо дидан мумкин аст.

Имрӯз мо дар татбиқи қарорҳои ин ҳуҷҷатҳо ба ҳаёт мушкилоти зиёдеро мушоҳида мекунем. Ин мушкилотро бо ҷидду ҷаҳди якҷоя рафъ кардан мум-кин аст. Маҳз ба ҳамин сабаб мо ба сифати вектори асосии кор фаъолиятро дар соҳаи пешбурди асосноки меъёрии иштироки намояндагони Ҷамъияти шаҳрвандӣ дар гузаронидани мониторинги ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти сохторҳои давлатӣ ба сифати татбиқи барномаҳои миллӣ ва натиҷаҳо тавассути баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи мавҷудият ва мӯҳтавои ин хуҷҷатҳо ба даст омада ҷудо кардем.

Дар роҳи ташаккули давлати мутараққии демократӣ огоҳии васеи аҳолӣ дар бораи барномаҳои амалишаванда ва ба рафти татбиқи барномаҳо, муваффақияту мушкилот дар иҷрои онҳо мароқ зоҳир кардани аҳолии мамла-кат нақши махсусро иҷро мекунад. Ин имкон медиҳад раванди амалигардонии ин ҳуҷҷатҳои барои рушди мамлакат аҳамияти стратегӣ доштаро ҳатталимкон шаффоф карда, барои муносибати нисбатан ҷиддию масъулиятшиносонаи сохторҳои давлатӣ, аз чумла вазорату идораҳои соҳавӣ ба мақсади ноил гарди-дан ба иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо дар доираи СМР ва СПСК гузоашта шуда шароит фароҳам оварда шавад. Ба ин мақсад соли 2008 Гурӯҳи Мусоидат оид ба баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи СПСК маъракаи ит-тилоотии васеъ гузаронид, ки дар доираи он дар минтақаҳо мулоқотҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд, роликҳои махсус таҳия карда, дар телевизиони марказӣ намоиш дода шуданд, дар бораи СПСК таквимҳои иттилоотӣ паҳн карда шуданд.

Ҳабарҳои дигар

14 апр 2021

Вохӯрии иттилоотӣ дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи “Чӣ гуна таҷовузкорро шинохтан мумкин аст? Расонидани ёрии аввалия ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ» дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

15 апр 2011

Ҳуқуқҳои дунявӣ ва динии инсон

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм(MYPAR)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, марҳилаи аввали семинарҳо дар мавзўъи «Ҳуқуқҳои инсон бо назардошти динӣ» гузаронида шуда истодааст.

Минтақаҳои фаъолият