31 окт 2011

Вохӯриҳо оиди омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар сатҳи ҷамоатҳо

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ шудааст, барои омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар шаш ҷамоатҳои мақсаднок вохӯриҳо бапо карда шуданд. Дар ин вохӯриҳо гурӯҳҳои ҷавонони шаш ҷамоатҳои ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров, омӯзгорони мактабҳо, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ноҳияҳои мақсаднок ва инчунин намояндагони мақомоти маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози ҳар як вохӯрӣ ҳамоҳангсози лоиҳа Тюряев Ҷ. кулли ҳозиринро пазироӣ намуда, мухтасар оиди марҳилаи дуюми лоиҳа нақл кард. Инчунин ҳамоҳангсози лоиҳа оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа гуфта гузашт. Сипас Тюряев Ҷ. Фасилитатори вохӯриро бо иштирокчиён ошно намуд. Ба сифати фасилитатор тренери Маркази таълими инноватсионии барномаи одамшиносии Оғохон Каримов М. даъват карда шуд.   Сипас Каримов М. аз иштирокчиён пурсон шуд: «Аз семинарҳои гузашта шумо чӣ чизи нав аз худ намудед?», «Оё сифати дониши Шумо пас аз иштирок дар семинар тағйир ёфт?», «Дониши гирифтаатонро Шумо чӣ тавр истифода мебаред?», «Аз семинарҳои гирифта чӣ ба хотиратон монд?».

Сипас, иштирокчиён муаррифӣ гузарониданд:

  1. Семинар дар мавзӯи «Ҳуқуқи башар бо ишора ба дин»
  2. Семинар дар мавзӯи «Плюрализми динӣ»
  3. Лагери якрӯза таҳти унвони «Мо бар зидди радикализм»
  4. Семинар дар мавзӯи «Асосҳои исломи анъанавӣ»
  5. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон: сабабҳо ва омилҳо»
  6. Семинар дар мавзӯи «Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ»

Пас аз ҳар муаррифӣ барои мустаҳкам намудани мавзӯъҳои гузашта фасилитатор ба гурӯҳҳо саволҳо дод. Пас аз муаррифии гурӯҳҳо иштирокчиён ба коркарди пешниҳодот ва тавсияҳо барои кормандони лоиҳа шурӯъ намуданд. Умуман вохӯриҳо хеле шавқовар гузаштанд. Аъзоёни Гурӯҳҳои ҷавонон танҳо аз як чиз ташвиш доштанд, ки барномаи омӯзишии лоиҳа ба охир расид. 

Ҳабарҳои дигар

9 апр 2017

Тренинг по внедрению Международного стандарта по пищевой безопасности Global GAP

В городе Оше КР в комплексе «ТЕС Центре», с 3 по 8 апреля 2017 года по программе Европейского Союза “Центральная Азия – Инвест IV” в рамке проекта «Усовершенствованная программа поддержки бизнес посреднических организаций – специализированные и комплексные услуги для экспортно-ориентированных малых средних предприятий в перерабатывающем секторе».

1 май 2019

Пресс Релиз

Аз моҳи майи соли 2019 инҷониб ТҶ «АЗИТ» лоиҳаи «Дастгири ва таквияти марказхои захиравии занон дар Точикситон»-ро бо дастгирии Дафтари барномахои САҲА дар Душанбе амалӣ гардонида истодааст.

Минтақаҳои фаъолият