5 мар 2020

Вохӯрии иттилоотӣ бо занон дар ҷамоати Хайдар Усмон

5-уми марти 2020 сол, вохӯрии иттилоотӣ бо занон дар ҷамоати Хайдар Усмон, дар маҳаллаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Мавзӯи ин вохӯрӣ шинос намудани аҳолӣ бо мафҳумҳои “Гендер”, “Баробарии гендерӣ” ва “Стереотипҳои гендерӣ” буд. Тавассути презентатсияҳо, видеоҳои кӯтоҳ ва саволномаҳои хурд, иштирокчиён дониши нав гирифтанд. Иштирокчиён муайян карданд, ки дар кадом ҳолатҳо стереотипҳои гендерӣ татбиқ карда мешаванд ва чӣ гуна онҳо дар муносибатҳои оилавӣ инъикос меёбад.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

29 авг 2015

Пули хатарнок!

08.29.2015 сол дар деҳаи «Пролетар» ноҳияи Вахш: кумитаи маҳалла дар якҷоягӣ бо Клуби занони «Ахтарон» татбиқи лоиҳаи ташаббусҳои ҷамъиятиро оғоз намуданд.

19 мар 2018

Повышение потенциала РРС продолжается

Со всех джамоатов района Айни съезжаются РРС (реабилитационные работники сообщества) в центр района на очередные тренинги в рамках проекта «Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне общин для...

Минтақаҳои фаъолият