15 сен 2022

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13

14 сентябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ҷамоати Ҳайдар Усмонов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Муноқиша ва зӯроварӣ» семинар баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонони ҷамоат ташкил карда шудааст. Дар рафти семинар усулхои кори гурухӣ ва хучуми зеҳнӣ истифода бурда шуданд. Иштирокчиён ҳангоми муаррифии кори худ сабабҳои асосии низоъ ва пешгирии онҳоро номбар карданд. Иштирокчиёни семинар хеле фаъол буданд, масъалаҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ “АЗИТ” бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҳабарҳои дигар

17 июл 2020

Проект: «Семья без насилия»

Цель проекта: Способствовать уменьшению количества фактов домашнего насилия, случаев ранних и принудительных браков, отмене традиции «ранней помолвки», снижении чувства страха за свою жизнь и здоровье женщин и девушек, которые могут подвергаться домашнему насилию.

12 окт 2021

Макоми зан дар чомеа

«Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гуем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд» бо чунин суханон кормандони ТЧ «АЗИТ» семинарро огоз намуданд. Семинар санаи 12 октябри соли 2021 дар мактаби тахсилоти умумии №36, чамоати Исфисор, нохияи Бобочон Гафуров дар мавзуи «Макоми зан дар чомеа» баргузор гардид. Максад аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатхи маълумотнокии чавонону наврасон оиди накши зан дар хаёти имруза мебошад. Дар рафти семинар фасилитарони лоиха тарики интерактив хамрохи иштирокчиён корхои гурухи, бозихо гузарониданд. Иштирокчиён фаъолона ширкат варзида, оиди накши зан дар чомеаи имруза, зан-модар, маълумотнокии зан маълумот гирифтанд ва мухокима намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари САҲА дар Душанбе баргузор мешавад #poastiandosce

Минтақаҳои фаъолият