19 окт 2015

«Тренинги ба ман таъсиротдошта»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» ки, аз тарафи ТҶ «АЗИТ» бо дастгирии UNICEF дар ноҳияи Б.Ғафуров ва ш.Исфара амалӣ шуда истодааст, 19-24 октябри соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Бахористон»-и ш. Қайроққум тренинг барои тренерон оиди малакаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуд. Пешаки аз ҳисоби ҷавонони ноҳияҳои мақсаднок 10 нафар (4 ҷавондухтар ва 6 ҷавонписар) интихоб шуда гурӯҳи тадқиқотчиён таъсис ёфта буд. Дар натиҷаи тренинг иштирокчиён бо мафҳумҳои тафаккури танқидӣ, усулҳои таҳлилӣ ва «асбобҳои» тадқиқот шинос шуданд. Ҳамчун, иштирокчиён тафаккури таҳлилиро инкишоф дода машқҳои амалии таҳлилӣ ва тадқиқотиро гузаронидан. Дар итмоми тренинг иштирокчиён малакаю маҳорати худро оид ба таҳлил ва тадқиқот омӯхта ҷаҳонфаҳмӣ ва нумӯи шахсии худро низ баланд бардоштанд.

 «Аз ин семинар ман бисёр чизе омӯхтам, масъалан, бо диққат гӯш кардани ҳамсӯҳбатро. Пеш ман ба ин аҳмият намедодам, вале аз гуфти муаллим  дар сӯҳбати самаранок ин аз ҳама муҳим мебошад. Боз ман таҳлил кардан, фикри худро равшан баён кардан, мусоҳибаро хуб гузарониданро омӯхтам.  Дар умум ман хеле шод ҳастам ки, аз муаллимони сертаҷриба дониши зиёде гирифтам, то ки дар оянда онро дар нақшаҳои худ истифода бурда ба мақсади худ расам, яъне ҳаётро беҳтар намуда сатҳи зиндагии халқомонро баланд бардорам». Салоҳиддинов Баҳрулло, 18с. ш.Исфара      

  

Ҳабарҳои дигар

5 фев 2020

Ранее вмешательство – залог успеха в предотвращении инвалидности.

Садриддин Хомидзода родился с травмой головы, в результате чего очень отставал в физическом развитии. В три года он не умел ни сидеть, ни стоять. Сегодня ему 4 года, он не говорит, не ест самостоятельно.

26 янв 2022

Тренинг дар Восеъ

Санахои 25 ва 26 январи соли чори бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ дар нохияи Восеъ тренинги 2-руза

Минтақаҳои фаъолият