29 май 2022

Сафари омӯзишӣ: мубодилаи таҷриба ва хамкори

Ҳайъати иборат аз адвокатхо ва ҳуқуқшиносони давлатӣ аз шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбон дар самти расонидани кӯмаки тахассусӣ ба қурбониёни хушунати шахвонӣ ва гендерӣ аз Душанбе ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дидан карданд. Иштирокчиёни сафари омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе аз дафтари ташкилоти ҷамъиятии «Корвони умед», ки солҳои зиёд ба занони ҷабрдида аз хушунати хонаводагӣ бомуваффақият кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонад, дидан карданд. Директори ин созмон Умеда Садриддинова меҳмононро самимона қабул карда, аз таҷрибаи кори худ дар маркази бӯҳронӣ ва паноҳгоҳи муваққаташ нақл кард. Умеда ҳамчунин дар бораи таҷрибаи беназири таъсиси қаҳвахонаи иҷтимоии «Чатр», ки барои ноил шудан ба худмаблағгузории созмон ва шуғли муштариёни паноҳгоҳи муваққатӣ – занони қурбонии хушунат мусоидат мекунад, сухан гуфт.
Ҳайати вилояти Суғд аз маркази тавонбахшии занони ҷабрдидаи хушунат, ки дар назди бемористони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фаъолият мекунад, дидан кард. Ба гуфтаи табиби масъул Алиева Фирӯза, дар тӯли як соли фаъолият ин марказ аллакай 7 зани аз зӯроварӣ ранҷдидаро қабул карда, кумакҳои зарурӣ, аз ҷумла ёрии тиббиро ройгон расонидааст. Ҳайат дар шаҳри Ёвон инчунин аз утоқи кории адвокати давлатӣ Холмуродзода Алишер дидан намуда, дар он ҳамаи иштирокчиён тартиби расонидани ёрии аввалияи ҳуқуқӣ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ҳайати суғдӣ дар якҷоягӣ бо ҳуқуқшиносони давлатӣ ва ҳуқуқшиносони шаҳрҳои Ёвон, Рӯдакӣ, Ҳисор, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телефони боварии 1313 дар назди ККЗ дар наворбардории ток-шоуи телевизиони чумхуриявии «Чањоннамо», бахшида ба расонидани кўмаки хукуки ба чабрдидагони зуровари иштирок варзид.
Сафари омӯзишӣ бо вохӯрии корӣ дар толори Маркази ёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон бо дастгирии роҳбари марказ Лоиқ Нусратов анҷом ёфт. Дар вохӯрӣ иштирокчиён вазъи кунунии кори ёрии ҳуқуқӣ якумдарача ва дуюмдарачаро дар самтҳои мавриди ҳадаф баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими кори минбаъда нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуданд.
Сафари омузиши дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда шуд. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Ҳабарҳои дигар

23 дек 2021

Семинар для молодежи по ЦУР 4

ОО "Ассоциация научно-технической интеллигенции Таджикистана" в рамках деятельности национальной коалиции по образованию "Ассоциация ОГО в Таджикистане за образование" сейчас в American Space Khujand проводит семинар для молодежи по ЦУР 4.

20 июн 2014

Имтиҳоҳо оғоз шуданд

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» 6 ва 20 июни 2014 сол хонандагони ду гурӯҳи ихтисоси «Қаннод» имтиҳон супориданд.

Минтақаҳои фаъолият