4 мар 2014

Қувваи занон дар клуби занон. Табодули таҷрибаи шимоли Точикистон ба ҷануб

Аз 1 феврали 2014 сол ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техники Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Фонди таҳсилот барои демократия (Лаҳистон) дар чаҳорчӯбаи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон оид ба ҳамкории лаҳистонӣ барои рушд татбиқи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» - ро оғоз намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа гузаронидани як зумра чорабиниҳо барои занони вилояти Хатлон дар назар аст. Занон имконият пайдо мекунанд, ки бо таҷрибаи кории занони вилояти Суғд ошно гарданд, дар курсҳои касбомӯзии дӯзандагӣ ва бурандагӣ иштирок кунанд, инчунин имконият пайдо мекунанд, ки нақшаи кори тиҷоратии худро омода сохта онро дар амал татбиқ намоянд.  

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

2 авг 2017

Ҳамкорӣ асоси муоширати самаранок аст

Дар нимаи дуввуми рӯз иштирокчиён ғайрат мекарданд, ба василаи машқҳои математикӣ маҳорати шунидани мусоҳибро пайдо намоянд ва ҳамин тавр, фазои ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оранд. Ҳар лаҳза зикр мешуд, ки дастрасӣ ба иттилооти дуруст низ барои ба роҳ мондани робита нақши муҳим мебозад. Иштирокчиён дар машғулият шоҳид шуданд, ки чӣ гуна маълумот аз нафари панҷум ба шашум дар шакли ғалат пешниҳод гардид.

Минтақаҳои фаъолият