20 дек 2010

Семинарҳо дар мавзӯи «Интихоби дурусти қарз» ва «Маркетинг

Дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тавас-сути маориф ва таълими ғайрирасмӣ» як катор семинарҳо оид ба бизнес-нақшагирӣ дар мавзӯъҳои «Интихоби дурусти кредит» ва «Маркетинг» шуда гузашт. Иштироккунандагони семинар шунавандагони курси кӯтоҳмӯҳлат дар назди омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва литсейҳои шарикӣ буданд. Семинарҳо барои шунавандагони курсҳои кӯтоҳмӯҳлати ОКТ ва Литсейҳои шарикии ви-лояти Суғд дар идораи ТҶ АЗИТ аз 14. 12. 2010 то 18.12.2010, барои шунаванда-гони курсҳои кӯтоҳмӯҳлати ОКТ ва Литсейҳои шарикии вилояти Хатлон бошад аз 16 то 20.12.2010 дар бизнес-маркази «Пойтахт» шуда гузаштанд.

Дар давоми 5 рӯз иштироккунандагони семинар бо таърихи пайдоиши кре-дит ва системаи микросармоягузорӣ шинос шуданд. Барои онҳо махсусан до-нистани он чиз ҷолиби диққат буд, ки қарзу микроқарзҳоро на танҳо бонкҳо, балки дигар ташкилотҳои қарзӣ (МДО, МЗО, МЗФ), ки қариб дар ҳамаи минтақаҳои деҳот амал мекунанд, дода метавонанд. Дар маҳалли зиндагонии иштироккунандагон бо қадри кофӣ институтҳои (ниҳодҳои) молиявӣ амал ме-кунанд, ки дар бораи фаъолияти онҳо иштироккунандагон иттилооти ночиз доранд. Онҳо намедонанд, ки институтҳои (ниҳодҳои) мазкур чи тавр амал ме-кунанд. Намедонанд, ки ин институтҳо (ниҳодҳо) барои беҳтар намудани бизнес қарз медиҳанд. Ҳамчунин дар бораи карзҳою карздиҳӣ, шартҳои гирифтани қарзҳо, меъёрҳои таъмини карзҳо бо замонат ва дигар замонатҳо барои бозгар-дондани қарз ва ғайра маълумоти кофӣ надоранд.

Азбаски иштироккунандагони семинар шунавандагони курсҳои кӯтоҳмӯҳлат буданд, барои онҳо масъалаҳои интихоби қарз ва ташкилоти қарзӣ (бонкҳою МФО), усулҳои ҳисобу китоби мизони фоиз, муҷозоти ҷаримавию судӣ, кор бо замонат – ба расмият даровардани он, меъёре, ки ба-рои гирифтани қарз зарур аст, ҷолиби диққат буданд.

Ба иштироккунандагон махсусан маълумот дар бораи мизони самарабахши фоиз, мизони фоиз, ки хароҷоти молиявӣ ва дигар хароҷоти карзгирандаро дар раванди гирифтани карз ба ҳисоб мегирад ва воқеан ба қарздиҳанда мепардо-зад, мароқовар буд. Ба қавли баъзе аз иштироккунандагони семинар: «Мизони самарабахши фоиз амалан нишон медиҳад, ки кадом фоизи аз карз гирифтаа-монро мо воқеан ба қарздеҳ мепардозем. То ин дам мо чунин ҳисобу китобро анҷом надода будем».

Оид ба ҳисобкарди фоиз, сохтани ҷадвали адои қарз, таҳияи ҳисоботи молиявӣ, ва бандҳои ҳисоботи молиявӣ, ки қарздеҳон диққаташонро ба онҳо ҷалб мекунанд, вазифаҳо дода шуданд. Қайд бояд кард, ки аксарияти шунаван-дагон ба масъалаҳои таъмини замонати қарз, кадом усули таъмини замонат хароҷоти кофиро талаб намекунад ва арзиши аслии қарзҳои гирифташаванда-ро паст менамояд, мароқ зоҳир карданд. Ҳамаи намудҳои кафолат – намудҳои замонат ҳам бо усули қарзҳои гурӯҳӣ ва ҳам бо усули қарзгирии инфиродӣ бо роҳи пешниҳоди замонати пойдор ва ҳам бо иштироки кафилҳо муфассалан мавриди баррасӣ карор гирифтанд.

Бисёр иштироккунандагон дар бораи маркетинг тасаввуроти умумию хира доштанд ва то ҳол имкони омӯхтани онро надоштанд. Иштироккунандагон махсусан ба таърихи маркетинг мароқу таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Барои онҳо махсусан он нукта мароқовар буд, ки маркетинги муосир дар давраҳои кабл аз тамаддун арзи ҳастӣ кардааст. Решаи маркетинг ба мубодилаи бостонӣ рафта мерасад, ки иштироккунандаи он, аз як тараф, инсон аст: мубодилаи инсон ва табиат. Аввалин нишонаҳои маркетинг, сигналҳои заифи маркетингӣ кадомҳо буданд? Дар мубодила бо табиат на танҳо одамон, балки тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраамон- рустаниҳо, ҳашарот, паррандаҳо, ҳайвонот иштирок меку-нанд… Мубодила бо табиати атроф барои ҳамаи мавҷудоти зинда шарти ҳатмии мавчудият мебошад, ки он қонеъгардонии талаботи заруриро таъмин мекунад. Намуди фаъолияти ҳамаи мавҷудоти зинда, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоту талабот тавассути мубодила бо табиат нигаронида шудааст, низ мар-кетинги идрокнашуда, рефлекторию ғаризавӣ ба ҳисоб меравад. Раванду рухдодҳое, ки баробари ин маркетинг ба вуқӯъ мепайванданд, бояд чун сигналҳои заифи маркетингӣ - мубашшири маркетинги муосир тавсиф шаванд. Дар ин маркетинг рақобат ва тоқатпазирӣ, омилҳои ба афзоиш ва танзими теъдод таъсиркунанда, таъсири мутақобилаи байни намудҳо ва нишемангоҳи экологӣ ҳузур доранд. Мувофиқи таърифи классикии Ф. Котлер, маркетинг – намуди фаъолияти инсон аст, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоту талабот та-вассути мубодила нигаронида шудааст. Моҳиятан дар ин таъриф ишорае ба решаи маркетинг ҳаст: мӯҳтавои маркетингро як калимаи ин таъриф – мубодила баён мекунад.

Иштироккунандагон ба масъалаҳои марбут ба максаду вазифаҳои марке-тинг мароқи зиёд зоҳир карданд ва онҳоро бо шақу завқ баррасӣ намуданд. Ба-рои онҳо махсусан маълумот гирифтан дар бораи қисмҳои таркибии маркетинг – Принсипи 4Р муҳим ва мароқангез буд. Иштироккунандагонро он факт ба ҳайрат овард, ки ба ақидаи баъзе иқтисоддонон қисмҳои таркибии маркетинг мумкин аст аз 4 бештар бошад. Масалан, дар доираи семинар дигар принсипҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки онҳо принсипи 4Р-ро пурра меку-нанд (Принсипҳои 5Р, 7Р, 12Р). Ҳамаи лаҳзаҳои иштиёқовари тадқиқоти маркетингӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Омӯзиши бозор, реклама, таърихи пайдоиши реклама, намудҳои он, тарзҳои истифодаи тамғаи тиҷоратӣ, бандубаст ва дигар соҳаҳои реклама бо мақсади фурӯши махсулот (хизмат) хеле завқовар буд.

Мавзӯи охирин бо нарх, таъсири он ба истеъмолкунандагони молу хизмат, таъсир ва тоқатпазирӣ дар байни рақибон, тартиби нархгузорӣ алоқаманд буд. Дар рафти семинар иштироккунандагон ба гурӯҳҳои нисбатан хурд тақсим шу-да, вазифаҳои ба миён гузоштаро ҳал мекарданд, муаррифиҳо ташкил менаму-данд. Ҳамчунин дар давоми ҳамаи рӯзҳои тренинг бозиҳо – энерҷайзерҳо гуза-ронида шуданд.

Аз рӯи натиҷаи кор дар гурӯҳҳои хурд ҳар як аз иштироккунандагони гурӯҳҳо дастранҷи худро муаррифӣ карданд.

Ҳабарҳои дигар

17 ноя 2021

Мониторинг ресурсных классов Бохтар и Балхи

Член национальной коалиции по образованию "Ассоциация ОГО в Таджикистане за образование" общественная организация «Фидокор» провела мониторинг ресурсных классов на доступность инфраструктуры для детей с особыми нуждами в городе Бохтаре и районе Балхи.

Минтақаҳои фаъолият