30 апр 2010

Форуми ноҳиявӣ дар ноҳияи Ашт

Оид ба ҷамъбасти се марҳилаи мониторинги байни шаҳрвандони куҳансоли ноҳияи Ашт форуми ноҳиявӣ гузаронида шуд.

Рафти гузаронидани форум

Дар форум бештар аз 70 нафар ширкат варзиданд:

- Намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ;

- Намояндагони кумитаҳои маҳаллаҳо;

- Намояндагони гурӯҳҳои ТИ/МОК;

- Мутахассисон – машваратгарон (мушовирон)

- Кормандони АЗИТ

Форум бо нутқи ифтитоҳии раиси ҷамоат Мирзоматова М. оғоз ёфт. Ӯ ҳозирон-иштироккунандагони форумро хайра мақдам гуфта, ба АЗИТ ва HAI барои кушодани марказҳои захиравӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Сипас, координатори лоиҳаи АЗИТ Тюряаев Д. баромад карда, дар бораи фаъолияти лоиҳа дар давраи аз соли 2009 то имрӯз, ҳамчунин фаъолияти HAI маълумот дод.

Мутахассиси барномавии АЗИТ Мирпочоева Н. барномаи нави СПСК-ро дар давраи солҳои 2010-2012 муаррифӣ намуда, оид ба натиҷаҳои се монито-ринг дар чор ҷамоати ноҳияти Ашт – Шайдон, Қамиш-қӯрғон, Ошоба, Кирқ-қудуқ маълумот дод.

Дар муаррифии барномаи СПСК сухан оид ба натиҷаҳои солҳои 2007-2009 бадастомада рафт. Ҳамчунин дар бораи самтҳои нави барномаи СПСК дар солҳои 2010-2012 оид ба блоки махсус маълумот дода шуд:

- Таъминоти иҷтимоӣ

- Низоми нигаҳдории тандурустӣ

Муфассалтар дар бораи муаррифӣ дар ҳисоботи Мирпочоева Н. маълумот мавҷуд аст.

Дар муаррифии натиҷаҳои се марҳилаи мониторинг дар давраи октябри соли 2009, январ- апрели соли 2010 маълумоти оморӣ дар бораи сифати ҳаёти шаҳрвандони куҳансоли ноҳияи Ашт маълумот оварда шудааст. Маълумоти нисбатан муфассал дар бораи:

- Тавсифи демографии оила

- Шароити манзил ва некӯаҳволии оила

- Истеъмоли хӯрока

- Тиб, санитария, гигиена. Даромаду хароҷоти аҳолӣ

- Таъминоти иҷтимоӣ

- Пешниҳод кардани машваратҳо

Иштироккунандагони форум имкони муқоиса кардани маълумоти се дав-ра, шинос шудан бо сатҳи зиндагии куҳансолони ноҳияи Аштро доштанд. Маъ¬лумоти нисбатан муфассал дар ҳисоботи Мирпочоева Н. ҳаст (ниг. Замимаи 1)

Fаниев А. – мудири шӯъбаи собиқадорони ҷангу меҳнати ҳукумати ноҳияи Ашт баромад карда, аз ҷумла дар мавзӯъҳои зерин сухан ронд:

- Дар бораи иштирок дар тренингҳою мулоқотҳои гуногун дар доираи лоиҳа ва донишу малакаҳои андӯхта оид ба кор бо шаҳрвандони куҳансол

- Дар бораи таҷрибаю фаъолияти HAI

- Дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни худхёрирасон дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

- Дар бораи нақшаи мадридии байналхалқии амалиёт оид ба масъалаҳои пиршавӣ (с. 2002).

Дар охир Fаниев А. аз шаҳрвандони куҳансол даъват ба амал овард, ки фаъол шаванд ва гурӯҳҳои худёрирасон ташкил карда, дар марказҳои таъси-сёфтаи захиравӣ барои шаҳрвандони куҳансол ширкат варзанд.

Мутахассис–машваратгар (мушовир) оид ба нигаҳдории тандурустии ноҳияи Ашт Имомназаров Ш. баромад кард.

Ӯ дар бораи натиҷаҳои машваратҳои мобилӣ оид ба нигаҳдории тандурустӣ байни шаҳрвандони куҳансоли ноҳияи Ашт маълумот дод.

- Дар ҷамоати Шайдон машварати мобилӣ гузаронида, 67 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 48 зан фаро гирифта шуданд

- Дар ҷамоати Қамиш-қӯрғон панҷ машварати мобилӣ гузаронида шуд, ки онҳо 72 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 46 занро фаро гирифтанд

- Дар ҷамоати Кирк-қудуқ панҷ машварати мобилӣ гузаронида шуд, ки 102 кас, аз ҷумла 80 занро дарбар гирифт

- Дар ҷамоати Ошоба панҷ машварати мобилӣ гузаронида шуд, ки 76 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 28 занро фаро гирифт.

Аз рӯи ҷамъбасти машваратҳои мобилӣ ҳамагӣ 20 машварат доир гардид, ки фарогири 317 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 202 зан буд.

Натиҷаҳои ба дастомада аз рӯи ҷамъбастҳои машваратҳои мобилӣ:

- Ҷамоати Қамиш-қӯрғон – 5 нафар

- Ҷамоати Ошоба – 6 нафар

- Ҷамоати Кирк-қудуқ - 9 нафар

- Ҷамоати Шайдон – 9 нафар

Имомназаров Ш. қайд кард, ки машваратҳои мобилии гузаронидашуда ба шаҳрвандони куҳансол зарур ва муфид буданд. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки бо вуҷуди дар доираи лоиҳа барпо нагардидани машваратҳо, шаҳрвандони куҳансол бо масъалаҳои мухталиф ба Имомназаров Ш. муроҷиат мекунанд.

Мутахассс-машваратгар (мушовир) оид ба ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ашт Қодирова Х. баромад кард. Ӯ дар бораи натиҷаҳои машваратҳои мобилии до-иргардида оид ба ҳифзи иҷтимоӣ байни шаҳрвандони куҳансоли ноҳияи Ашт сухан ронд.

- Дар ҷамоати Шайдон 9 машварати мобилӣ гузаронида шуд, ки 93 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 60 занро фаро гирифт.

- Дар ҷамоати Қамиш-қӯрғон 9 машварати мобилӣ гузаронида шуд, ки 122 одамони куҳансол, аз ҷумла 95 занро фаро гирифт.

- Дар 9 машварати мобилии дар ҷамоати Кирк-қудуқ гузаронида 116 шаҳрванди куҳансол, аз ҷумла 94 зан фаро гирифта шуданд.

- Дар ҷамоати Ошоба 9 машварати мобилӣ гузаронида, 134 шаҳрванди куҳансол, аз онҳо 107 зан фаро гирифта шуданд.

Ҳамагӣ 36 машварат барпо гардид ва фарогирии шаҳрвандони куҳансол 465 нафар, аз ҷумла 356 занро ташкил кард.

Натиҷаҳо тибқи машваратҳои мобилии барпогардида чунинанд:

- Ҷамоати Қамиш-қӯрғон – 21 нафар

- Ҷамоати Ошоба – 18 нафар

- Ҷамоати Кирк-қудуқ - 19 нафар

- Ҷамоати Шайдон – 19 нафар

Қодиров Х. дар охири суханрониаш қайд кард, ки ӯ ҳамеша барои ба шаҳрвандони куҳансол додани машварат омода аст ва ҳатталимкон мекӯшад ба ҳалли масоили таъмини иҷтимоӣ, ки байни шаҳрвандони куҳансол ҷой доранд, мусоидат кунад.

Узви гурӯҳи ТИ/МОК ҷамоати Кирк-қудуқ Ҳакимова З. суханронӣ кард. Ӯ дар бораи фаъолияти лоиҳа дар шарикӣ бо АЗИТ ва HAI сухан ронда, қайд на-муд, ки тибқи лоиҳаи CAS 16 - ба 75 шаҳрванди куҳансоли бекасукӯ ёрии башардӯстона дар шакли хӯроки гарм расонида шуд. Ҳамчунин ӯ дар бораи нуктаҳои зерин муфассалан нақл кард.

- Дар бораи иштирок дар тренингҳои гуногун дар доираи фаъолияти лоиҳавӣ ва донишу малакаҳои андӯхта оид ба кор бо шаҳрвандони куҳансол

- Дар бораи ташкил кардани ТИ/МОК дар ин ҷамоат

- Дар бораи ташкил кардани маркази захиравӣ

- Дар бораи мониторинги барпо кардашуда

- Дар бораи самарабахшии машваратҳои мобилӣ

Дар хулоса Ҳакимова З. қайд кард, ки дар доираи лоиҳа ҳамаи тадбирҳои барпогардида самарабахш буданд, донишу малакаҳои нав андӯхта шуданд. Аз ҷумла, ҷаҳонбинии сокинони ҷамоати Киркқудуқ васеъ гардида, иттилоънокии онҳо оид ба хизматрасониҳои иҷтимоию тиббӣ ва масоили ҳуқуқӣ боло рафт. Шаҳрвандони куҳансол ба муассисаҳои давлатӣ муроҷиат намуда, сари вақт ба онҳо пешкаш кардани имтиёзҳои оид ба таъминоти иҷтимоӣ ва низоми нигоҳдории тандурустӣ муқарраргардидаро талаб мекунанд.

Узви гурӯҳи ТИ/МОК ҷамоати Ошоба Муталибов Н. баромад кард.

Ӯ дар бораи фаъолияти лоиҳа дар шарикии АЗИТ ва HAI дар давраи аз со-ли 2009 то имрӯз нақл кард. Аз ҷумла зикр гардид, ки кори муштарак бо таш-килоти АЗИТ аз соли 2002 оғоз ёфта буд ва аз рӯи лоиҳаҳо фаъолияти мухта-лиф давом мекард.

Ҳамчунин ёрии башардӯстона дар намуди хӯроки гарм тибқи лоиҳаи CAS 16 ба 75 нафар шаҳрвандони куҳансоли бекасукӯ расонида шуд. Ӯ дар бораи амалҳои зерин муфассалан нақл кард:

- Дар бораи иштирок дар тренингҳои гуногун дар доираи фаъолияти лоиҳавӣ ва малакаю донишҳои оид ба кор бо шаҳрвандони куҳансол андӯхта

- Дар бораи дар ин ҷамоат ташкил кардани гурӯҳи ТИ/МОК

- Дар бораи ташкил кардани маркази захиравӣ

- Дар бораи мониторинги гузаронидашуда

- Дар бораи самарабахшии машваратҳои мобилӣ

- Сафари табодулӣ дар ш. Бишкек

Дар хотимаи баромадаш Муталибов И. ба унвони ташкилоти АЗИТ ва HAI барои барпо намудани чорабиниҳо ва фаъолият дар ҷамоати Ошоба изҳори миннатдорӣ кард. Ба туфайли иштирок дар ин чорабиниҳо ҷаҳонбинии аҳолии ҷамоати Ошоба васеъ шуд, онҳо оид ба кор бо шаҳрвандони куҳансол донишу малакаҳои нав ҳосил карданд.

Чанд мулоҳизаи иштироккунандагони мулоқотро меорем:

«Мехостам таъкид кунам, ки ин муаррифии натиҷаҳои мониторингҳо маҳсули кори мо, яъне кори гурӯҳи 4-уми ТИ/МОК мебошад. Дар ин ҳисоботи аналитикӣ сатҳи сифати ҳаёт ва вазъи рӯҳии шаҳрвандони куҳансол дар ҷамъият муфассал тавсиф шудааст. Агар имкон бошад ҳисоботи аналитикии мазкурро байни МҲМ ва аҳолии ноҳияи Ашт паҳн кардан лозим, то сатҳи иттилоънокӣ дар бораи моноторинги барпогардида ва барномаи СПСК ва СМР-и блоки иҷтимоӣ – таъмини иҷтимоӣ ва тиббӣ баланд гардад». Узви гурӯҳи ТИ/МОК Солиев А. ҷамоати Қамиш-қӯрғон.

Чорабинии мазкурро телевизиони СМ-1 ва рӯзномаи маҳаллии «Шӯҳрати Ашт» инъикос карданд.

Ҳабарҳои дигар

26 авг 2022

Таҳсилоти иловагии

Санаи 23 августи 2022сол менторони ноҳияҳои мақсаднок ва якчанд омузгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии (МТИ) вилоят барои мубодилаи таҷриба ба ТҶ “Ҳамсол ба ҳамсол”, ки бо Озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода фаъолият мебаранд, ташриф намуданд.

23 дек 2021

Семинар для молодежи по ЦУР 4

ОО "Ассоциация научно-технической интеллигенции Таджикистана" в рамках деятельности национальной коалиции по образованию "Ассоциация ОГО в Таджикистане за образование" сейчас в American Space Khujand проводит семинар для молодежи по ЦУР 4.

Минтақаҳои фаъолият